29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Шаҳринав 377 иншоот бо харҷи беш аз 45 млн сомонӣ ба истифода дода шуданд

205
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёди 445 иншоот ба нақша гирифта шуда, 377 иншоот бо харҷи 45 миллиону 563 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 1027 ҷои кори доимӣ ва 1304 ҷойи кори мавсимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ҳоло дар 68 иншооти таъйиноташон гуногун корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ин матлабро раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 122 миллиону 553 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 миллиону 848 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра кишоварзони ноҳия дар майдони 363 гектар картошка кишт намуданд. То имрӯз аз 185 гектар картошка 3997 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки ба ҳар гектар 216 сентнерӣ рост меояд.

Зикр шуд, ки то якуми июли соли равон дар 727 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ, аз қабили ҷуворимакка, шолӣ, картошка, лӯбиёгиҳо ва дигар намуди зироати полезӣ гузаронида шуд.

Дар ин давра кишоварзони ноҳияи Шаҳринав ба хориҷи кишвар 1564 тонна пиёз ва 273 тонна гелос содирот намуданд.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво