28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ корхонаи парандапарварии «Мурғи Султон»-ро ба истифода доданд

119
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хушекати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ корхонаи парандарварии “Мурғи Султон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Айни замон дар корхона 16 ҳазору 250 сар мурғи олмонӣ парвариш карда мешавад. Мувофиқи дурнамо. дар як моҳ истеҳсоли 480 ҳазор дона тухм ба нақша гирифта шудааст.

Дар корхона шурӯъ аз назорати ҳарорати ҳаво то ҷамъоварии тухму таъмини хӯроки паранда ба таври автоматӣ тавассути муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, ки аз Олмон дастрас карда шудаанд, анҷом дода мешавад.

Технологияи муосири соҳавӣ ва фароҳам овардани шароити созгор имконият медиҳад, ки мурғҳо дар 120-рӯзагӣ ба тухмкунӣ оғоз намоянд.

Айни замон дар корхонаи парандапарварӣ 16 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин карда шудаанд.

Корхонаи парандапарварии “Мурғи Султон” низ бо истифода аз имтиёзҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд, бо саҳми соҳибкори ватанӣ Шароф Султон сохта шудааст.

Аснои ба истифода супоридани иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи дуюм барои парвариши 50 ҳазор сар мурғ ва таъсиси 45 ҷои нави корӣ корхона бунёд карда мешавад.

Ҳамзамон бунёди даҳ ҳавзи моҳипарварӣ дар шафати корхона дар назар дошта шудааст, ки дар он моҳиҳои сазан, гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ парвариш меёбанд.

Дар ин ҳавзҳо то 60 ҳазор моҳӣ парвариш карда шуда, барои 15 нафар ҷойи кор фароҳам оварда мешавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ва дастгириву амалисозии имтиёзҳо ба рушди бахши хусусӣ замина гузошт.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шуда, ба ин васила сокинони маҳаллӣ низ бо ҷои кор таъмин мегарданд.

Мувофиқи дурнамо баъди татбиқи пурраи лоиҳа корхона имкон пайдо мекунад дар баробари ноҳияи Айнӣ ҳамзамон дигар шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо маҳсулоти парҳезии худӣ таъмин созад.

Дар баробари дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ҳамзамон роҳу усулҳои муосири парвариш ба роҳ монда шудаанд, ки имкон медиҳад маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхонаи навбунёд бо маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир гардад.

Зимни шиносоӣ бо имконияти корхонаи навбунёд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ва рушди соҳаи парандарварию моҳипарварӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст ва танҳо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ метавонад дар самти ба даст омадани муваффақияти баланд замина гузорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво