25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сохтмони 12 корхонаи истеҳсолӣ бо маром идома дорад

114
Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим ба хабарнигорон иброз намуд, ки ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, бартараф намудани монеаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин ва дар ин замина ба роҳ мондани содироти маҳсулоти истеҳсолгардидаи ватанӣ дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳия, воқеъ дар кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссо сохтмони 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ бо маром идома дорад.

Мавсуф зикр намуд, ки зимни ба кор андохтани корхонаҳои мазкур ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба мамлакатҳои хориҷи кишвар ба маротиб зиёд гардида, зиёда аз 3250 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки соли равон дар ҳудуди ноҳия ифтитоҳи 6 корхона ва 1 коргоҳ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша, моҳи марти соли равон 2 корхона ва 1 коргоҳ бо 75 ҷои кори нав, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли борҷома ва борчаспҳо бо 50 ҷои корӣ, таҷдиди бинои таъминоти истеҳсолӣ (полиграфия) бо 10 ҷои корӣ ва сохтмони сехи истеҳсолӣ (тирезаҳои пластикӣ) бо 15 ҷои кори нав ифтитоҳ гардиданд.

Билол Иброҳим иброз намуд, ки моҳи августи имсол дар ноҳия 4 адад корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва рангҳо бо 25 ҷои кор, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳо бо 45 ҷои кор, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ, коркарди хушкмева, афшура аз меваҳо бо 70 ҷои кор ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва консерва бо 50 адад ҷои кор ба нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво