25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Шуғнон Парчами давлатӣ бо баландии 32 метр сохта мешавад

153
Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони Парчами давлатӣ бо баландии 32 метр ҷараён дошта, дар назар аст, ки соли 2022 мавриди истифода қарор дода шавад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд, майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои қасри фарҳанг сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароит фароҳам оварда мешавад.

Сутунпояи Парчами давлатӣ 32 метр баландӣ дошта, он чун рамзи соҳибистиқлолии мамлакат ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда мешавад.

Корҳои сохтмони майдони Парчами давлатӣ соли равон оғоз гардида, мутобиқи нақша он соли 2022 мавриди истифода қарор дода мешавад. Арзишии лоиҳавии сохтмон зиёда аз 1,2 млн сомониро ташкил медиҳад.

Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода аз мавзеи барои бунёди майдони Парчами давлатӣ ҷудогардида дидан намуда, ба бинокорон супориш дод, ки ба бунёди рамзи муқаддаси миллӣ муносибати ҷиддӣ намуда, то муҳлати муайянгардида иншооти мазккуро бо сифати баланд ба истифода пешниҳод намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво