19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Истаравшан Маркази хизматрасонии «Фатирҳои Гули Сурх» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

225
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салим Шарипов дар ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и шаҳри Истаравшан Маркази хизматрасонии «Фатирҳои Гули Сурх» ва ошхонаи миллии «Гули Сурх» сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Зимни ифтитоҳи иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорон Салим Шарипов ва Иброҳим Ҷӯраев дар ошхонаи «Гули сурх» барои 17 нафар ятимони кулл дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни суҳбат бо кӯдакон раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода зикр кард, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, барои беҳтар кардани шароити зист, таълиму тарбия ва ба камол расонидани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳо истифода мегарданд.

Иншооти мазкур 24 июли соли равон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умаров мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин марказ пухтани нонҳои гуногун, фатирҳо, самбӯса ва мурғи танурӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво