25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Вазорати фарҳанг доир ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир шуд

280
Имсол ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои идона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ», Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад», бо роҳпаймоии идона дар пойтахти мамлакат ва барномаҳои фарҳангӣ дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҷлил мегардад. Дар ин бора зимни ҷаласаи корӣ оид ба омодагиҳо ба барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён оид ба омодагиҳо ба барномаҳои фарҳангӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир гардидани чорабиниҳои муҳими таърихию сиёсӣ тибқи сенарияи тасдиқшуда гузориш пешниҳод намуд.

Роҳбарону масъулони барномаҳои фарҳангӣ ба сухан баромада, барои ҳарчи зудтар рафъ намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ибрози назар намуданд.

Дар ҷаласаи корӣ ҳамчунин мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шӯҳрат Азиззода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, роҳбари бадеии барномаи консертӣ дар Маҷмааи «Кохи Борбад» Ибодулло Машрабов, директори оркестри симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари бадеии барномаи консертӣ оид ба зиёфати расмӣ Олимҷон Солеҳзода, роҳбари бадеии роҳпаймоии идона Қамариддин Мирзоев, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов, сардори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён, директори Маркази эҷодии «Илҳом», роҳбари бадеии барномаи театрикунонидашуда дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» Баҳриддин Раҷабов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми нишасти корӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани барномаҳои фарҳангӣ пешниҳодҳои судманд манзур намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво