23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳияи Ашт 400 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд

241
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бунёду навсозии беш аз 400 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои ободониву бунёдкорӣ идома доранд.

Раиси вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ба ноҳияи Ашт сафар карда, сохтмони якчанд иншооти ҷашниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар Ҷамоати деҳоти Понғоз бо сохтмони бинои нави беморхонаи рақами 5 шинос гардид. Бинои мазкур бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоати деҳот ва соҳибкорону саховатмандон сохта шуда, тибқи нақша дорои 80 кат мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда, ҷойҳои иловагии корӣ таъсис дода мешаванд.

Раиси вилоят бо ҷараёни корҳо дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и шаҳраки Шайдон шинос гардида, барои дар сатҳи баланд омода намудани иншоот ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини бахши сохтмон супоришҳо дод.

Бинои нави таълимӣ барои 360 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Парвина» мебошанд.

-Маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола садҳо иншооти соҳа бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад, — таъкид кард Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо сохтмони кӯдакистон дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон.

Зимни боздид аз кӯдакистони шаҳраки Шайдон иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистони мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Истамой Мадалиева бунёд гардида, дар он 100 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми соҳибкорзан дар ободии маҳал ва фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот хуш истиқбол карда, ташкили кӯдакистонро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво