19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 1,2 км роҳи марказии шаҳри Исфара таъмиру навсозӣ мешавад

258
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 1,2 км роҳи марказии шаҳри Исфара таъмиру навсозӣ мешавад
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 км роҳи марказии шаҳри Исфара таъмиру навсозӣ мешавад.

Тавре масъули сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти густариши корҳои ободониву созандагӣ таҳти роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва саҳми соҳибкорону сокинон имрӯзҳо таъмиру тармими роҳҳо идома дорад.

Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода дар суҳбат бо мардум аз сиёсати созанда ва ба ободии диёр нигаронидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корҳои то ин дам анҷомдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамҷоягӣ бо соҳибкорону сокинони диёр ёдовар шуд.

Мавсуф ҳамзамон иброз намуд, ки дар қатори бунёди муассисаҳои таълимиву табобатӣ, хизматрасониву солимгардонӣ ва ба ин васила муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ бунёди роҳҳо ва таъмиру тармими онҳо зери назари мақомоти иҷроия қарор дорад.

Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилии шаҳр бо сафарбарнамоии техникаву таҷҳизот ва кормандон баҳри сифатан иҷро намудани корҳо мусоидат намуда, ният дорад мумфаршкунии роҳи мазкурро рӯзҳои наздик ба анҷом расонад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво