29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рӯзҳои наздик сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳияи Сангвор ба анҷом мерасад

208
Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Сангвор корҳои сохтмони бинои дуошёнаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ, бинои ҲХДТ, варзишгоҳи замонавӣ дар назди Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳия ва ҳавзи моҳипарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдара бо масоҳати зиёда аз як гектар муташаккилона идома дошта, дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни таърихӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Тибқи иттилои сармеъмори ноҳияи Сангвор Талбӣ Назаров, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони 107 иншооти хурду миёна, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, сартарошхонаҳо, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. 30 фоизи иншооти ҷашнӣ бо лоиҳаҳои ройгони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин шудаанд, ки онҳоро бештар барои сохтмони иншооти соҳаҳои сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг пешбинӣ намудаанд. Хушбахтона, то имрӯз 74 адад иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 33 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Директори Корхонаи давлатии фаръии молумулки ғайриманқули ноҳия Умед Кабутов гуфт, ки мутахассисони идораи заминсозии ноҳия аз 107 иншооти нақшавӣ 96 адад заминҳои зери иншооти мазкурро асоснок намуда, сари вақт онҳоро бо шаҳодатномаҳои истифодаи замин таъмин намуданд.

Муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор Темур Қурбонзода зикр намуд, ки «дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза ба самъи мардуми ноҳия расонида мешаванд ва имрӯз барои ҳар фарди баномуси ҷумҳурӣ чун барномаи амал гардидаанд. Дар ноҳияи мо низ корҳои ободонию созандагӣ имрӯзҳо ривоҷи бештар пайдо намудаанд. Дар доираи ин ҷашни миллӣ сокинони ноҳияи Сангвор созандагиро аз хонаи худ оғоз намуда, дар ободонии деҳаю маҳалла ва дар маҷмӯъ мамлакатамон бо талошу пайкори ватандӯстона саҳми арзанда мегузоранд».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво