25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов аз олам даргузашт

307
Имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Шералӣ Абулқайсов 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1973 бахши санъат ва актёрии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм карда, пас аз хатми донишгоҳ солиёни зиёд дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор кардааст.

Нақшҳои офаридаи Шералӣ Абулқайсов зиёд буда, ӯ маҳз тавассути онҳо дар шумори беҳтарин ҳунармандони Тоҷикистон қарор дошт.

Мавсуф тӯли фаъолияти ҳирфаӣ дар театри Лоҳутӣ нақшҳои хотирмони зиёде офаридааст, аз ҷумла, нақшҳои мондагори профессор Пашков аз намоиши “Алломаи Адҳам”-и С.Улуғзода; Лука Лукич аз “Ревизор”-и Гогол; Азимов аз “Интихоби домод”-и Ҳ.Содиқ; Аҷузкампир аз “Найи сеҳрнок”-и Ф.Тошмуҳаммедов; Эзоп аз “Шер, рӯбоҳ ва ангур”-и Шералӣ Абулқайс; Тирессий аз спектакли “Эдип”-и Софокл; Капулетта аз “Ромео ва Ҷулйетта”-и В.Шекспир; Асад аз “Афсонаҳои мӯйсафед”-и Нурулло Абдулло; Отелло аз “Отелло”-и В.Шекспир; Дон Жуан аз “Дон Жуан”-и Молйер; Ҷомосп аз “Зардушт”-и Нур Табаров; Амир Темур аз “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров; Ковусшоҳ аз “Зуҳури Суҳроб”-и Ф. Умаров; Абдунабӣ аз “Тахти Султон Маҳмуд”-и Ш. Солеҳ; Гефистион аз намоиши “Искандар ва Спитамен”-и А. Абдураҳмонов ва амсоли инҳо, ки дар дилу дидаи тамошобин маъво гирифтаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво