25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шуд

208
12 июл дар шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо роҳбари Маркази ҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ «НЕDAYAН», раиси Кумита оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ ва хориҷии Шӯрои миллии Федералии (Парлумони) Аморати Муттаҳидаи Араб Алӣ Рашид Ал – Нуаймӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои пешгирии тундгароӣ, экстремизм ва терроризми хушунатомез дар ҷомеа мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки «имрӯз масъалаи терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои глобалӣ ва хатарзо боқӣ монда, аз ҳар сохтори дахлдор ва кулли ҷомеа вобаста буда, ҳушёриву зиракии сиёсӣ тақозо менамояд».

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба роҳу усулҳои нави таъсиррасонӣ ҷиҳати пешгирии ин омили номатлуб пешниҳодҳои судманд намуд.

Алӣ Рашид Ал – Нуаймӣ ба иқдомҳо ва пешниҳодҳои мақомоти дахлдори Тоҷикистон вобаста ба пешгирии терроризму экстремизм дар солҳои охир баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ба роҳ мондани ҳамкории дастаҷамъонаи мақомоти ҳарду кишвар даъват намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво