20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо»

334
«Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» Дирӯз роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамоиш таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор намуд, ки ҳадафи асосии он дар навбати аввал шарҳу тавзеҳи дастовардҳо дар давраи Истиқлолияти давлатии кишвар ва саҳми ҷавонон дар пешрафти соҳа буд.

Дар ҳамоиш ҷавонони фаъоли дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, ҳамчунин муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони нзди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода У.Х. зимни баромади худ иброз намуд, ки воқеан, имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созанда эътироф шудаанд.

Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамеша ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ташаббусу иқдоми онҳоро мунтазам дастгирӣ мекунанд.

Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат дар мулоқоти навбатиашон ба намояндагони ҷавони кишвар, ки моҳи майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, таъкид доштанд, ки: «Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем».

Дар ҳақиқат,- гуфт Умарзода У.Х.,- бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург – ҷавонони бонангу номуси кишвар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

«Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» Бинобар ин, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ташаббуси ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро дар доираи имкониятҳои мавҷуда меандешад.

Умарзода У.Х. қайд намуд, ки айни ҳол дар Кумита 60,3 фоизи кормандонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар пешрафти соҳа саҳмгузор ҳастанд. Роҳбарияти Кумита ба пешрафт ва рушди ҷавонони соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар доираи ҳамкориҳои Кумита бо Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Россия соли равон 2 нафар мутахассиси ҷавон барои такмили дониш ва таҷрибаомӯзӣ дар шаҳрҳои Москва, Санкт Петербур ва дигар шаҳрҳои Россия ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин дар ташкилотҳои системаи Кумита, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ” синфхонаҳои омӯзишӣ барои таълими ҷавонон ва омода намудани мутахассисон ташкил шудаанд.

Муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед ба сухан баромада, гуфт, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.

«Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо»

Сипас, сармутахассиси Раёсати шаҳрсозии дастгоҳи марказии Кумита Халилов Суруш, директори КВД “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ” Саломов Муродбек, директори Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” Сафарзода Абубакр сухнронӣ намуда, оид ба дастовардҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолияти Кумита, ки назаррас ҳастанд, маълумот доданд.

Баъд аз шунидани маърӯзаҳои ҷавонони Кумита дар ҳамоиши мазкур раиси Шурои ҷавонони Кумита Гарсевази Нуъмон лоиҳаи муроҷиатномаи ҷавонони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҷавонони Тоҷикистон қироат намуд, ки аз ҷониби ҳозирин якдилона пазируфта шуд.

Дар анҷоми ҳамоиш аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба ҷавонони корхонаву ташкилотҳои система раҳматномаҳо тақдим карда шуданд.

Д.Нурзода,
“РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво