19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз — Рӯзи маъюбон. Дар Сангвор ба 58 оилаҳои маъюб кумаки яквақтаина расонида шуд

115
Имрӯз дар ноҳияи Сангвор бахшида ба Рӯзи маъюбон чорабинӣ доир шуд. Дар чорабинӣ зикр шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии шахсони маъюб ба 58 оилаҳои маъюб кумаки яквақтаина, аз қабили маводи хӯрока расониданд. Ҳамчунин дар маркази хизматрасонии иҷтимоии ноҳия барои 73 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд чорабинии идона ташкил карда, ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Муовини раиси ноҳияи Сангвор Умеда Сатторбекзода иброз дошт, ки шахсони маъюб дар ноҳияи Сангвор зери таваҷҷуҳи ҳамешагии мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд ва пайваста аз ҳоли онҳо бохабар гардида, ба онҳо кумакҳои моддию тиббӣ расонида мешавад. Чунки Ҳукумати мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба ин табақаи осебпазири ҷомеа таваҷҷуҳи махсус медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитстон «Дар бораи рӯзҳои ид» имрӯз, 8 июл дар қаламрави мамлакат Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз баҳри дастгирӣ ва зиёд намудани ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд ва ҳарчи беҳтар намудани шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои мушахас амалӣ карда мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво