4 феврал 2023, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои cарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

83
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 14:55-и санаи 08-уми июли соли 2021 4 сарҳадбони қирғиз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ғайриқонунӣ убур намуданд.

Низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд.

Сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон оид ба вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд.

Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво