19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди исифода қарор гирифтанд

194
Дар ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди исифода қарор гирифтанд
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Асадулло Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи мазкур 11 километр роҳи мошингард ба истифода дода шуда, сохтмони як зумра иншооти дигари ҷашнӣ, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сурат мегиранд, оғоз гардиданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сангтуда дар фурсати кутоҳ ва ҷавобгӯ бо стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, ронандагон бо хушнудhttps://tajsohtmon.tj/uploads/posts/2021-07/1625465432_212885165_1313538742381936_1248126761128278663_n.jpgӣ изҳор доштанд, ки «Пештар аз сабаби вайрон будани роҳ қисмҳои эҳтиётии нақлётамон зуд фарсуда гашта, маблағи зиёд барои таъмири он сарф мекардем. Ҳоло ин мушкилӣ бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони саховатпеша бартараф гаридид, роҳҳо таъмир шуданд, акунун роҳи 40 дақиқаро дар 20 дақиқа бе мушкилӣ тай мекунем».

Дар ин амали нек соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов нақши арзанда гузоштанд. Номбурда чунин бунёдкориҳоро дар дигар гӯшаҳои диёр низ анҷом додааст.

Дар ин рӯз, ҳамзамон татбиқи лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ барои чорво ва сокинон дар деҳаи Навобод оғоз гардид.

-Солҳои тулонӣ дар деҳа норасоии об вуҷуд дошт, акнун ин мушкилии мо бартараф мегардад. Обу ободонӣ мегӯяд, акнун деҳаи мо аз ин бештар сабзтару ободтар мешавад,- мегӯянд бо хушҳолӣ сокинони деҳа ва миннатдории худро ба ҳамаи онҳое, ки дар ин ободкориҳо саҳм доранд, баён намуданд.

Хати оби нӯшокӣ барои 377 оила шуда пешбинӣ шуда, тасмим гирифта шудааст, ки дар наздиктарин фурсат деҳаҳои атроф низ бо об таъмин карда шаванд.

Баъдан гурӯҳи корӣ дар муассисаи таълимии №29 бо сокинони деҳа мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода миннатдории хешро ба соҳибкорон расонид ва афзуд, ки «иншооти бунёдшуда солҳо ба сокинон хидмат мекунад. Инфрасохтори деҳот рушд карда, симои шаҳраку деҳот дигар мегарданду ҷойҳои нави корӣ низ пайдо мешаванд». Дар ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди исифода қарор гирифтанд


Роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Асадулло Раҳмон Асадулло Раҳмон миннатдории хешро ба соҳибкорон расонид ва афзуд, ки «дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, бунёду навсозии роҳу пул, иншооти маъмурии ҷамъиятӣ дар ноҳия ба истифода дода шудааст. Ин тадбирҳо ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд».

Дар анҷоми чорабинӣ ба соҳибкор Қиёмиддин Чориқулов ҷоизаи «Ободгари Ватан» ва ба як зумра соҳибкорону сохтмончиён ва механизаторон сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво