29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо ташаббуси ҳизбиён корҳои таъмирӣ ва бунёди сифхонаҳои иловагӣ дар мактабҳои ноҳияи Фархор ҷараён доранд

152
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ноҳияи Фархор бо ташаббуси ҳизбиён сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ ҷараён дорад. Онҳо ният доранд, ки корҳои сохтмониро дар кутоҳтарин муҳлат ба анҷом расонанд, то дар соли хониши 2021-2022 хонандагон дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Бо саҳмгузории аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ва кумитаи падару модарон, дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба ифтихори 30- солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои таъмирӣ ва бунёди сифхонаҳои иловагӣ идома дорад.

Ба иттилои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ, ҳамарӯза аъзои фаъоли ҳизб дар ҳамбастагӣ бо кумитаи падару модарони муассисҳои таълимии ноҳия тариқи ҳашар корҳои сохтмониро вусъат мебахшанд.

Мавриди зикр аст, ки бахшида ба ин санаи таърихӣ чунин ташаббусҳои ҳизбӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ роҳандозӣ шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво