19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Истаравшан Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода мешавад

203
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода мешавад. Коллеҷи мазкур соли 2009 бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, сохтмони бинои он соли 2011 оғоз ёфт. Коллеҷ дорои 34 синфхонаи таълимӣ, 11 устохона, лабараторияҳои ҳунарӣ, китобхона, толори варзишӣ, хобгоҳ, намоишгоҳ буда, дар он толибилмон ҳунарҳои гуногуни мардумиро азхуд менамоянд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ шинос гардид ва ба масъулин барои пурра ба итмом расонидани корҳо супоришҳо дода, таъкид кард, ки нақши Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ барои тарбияи устоҳои чирадаст ва ҳунармандон хеле назаррас аст.

Фармоишгари корҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, паймонкор ПМК “Ӯротеппа” мебошад. Аз тарафи фармоишгар айни ҳол 5 миллиону 341 ҳазор сомонӣ барои сохтмон сарф шудааст. Бинои асосӣ ва бинои таълимӣ 90 дарсад омода буда, дар он дар як баст 340 нафар ба таълим фаро гирифта мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво