20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар Истаравшан Маркази ташхисию табобатии «Зулайхо» сохта ба истифода дода шуд

158
Бахшида ба ҷашни 30 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Маркази ташхисию табобатии «Зулайхо» ба истифода дода шуд. Маркази мазкур аз 4 ошёна иборат буда, дорои 20 кати табобатӣ мебошад. Дар таҳхонаи марказ ошхона ва ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, утоқҳо барои стоматолог, гинеколог, ҳураи тадқиқоти ултрасадо ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои табобатӣ ҷойгир карда шудааст.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Марказ дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкор Алишер Солиев бо маблағи 1,1 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 8 нафар мутахассисони соҳаи тиб бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз Маркази ташхисию табобатии «Зулайхо» таъкид кард, ки бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибби хусусӣ дар вилоят рушд карда, чунин марказҳои ташхисиву табобатӣ дар таъмини солимии ҷомеа саҳми шоиста гузошта истодаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво