29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Даргузашти меъмор Сироҷиддин Зуҳуриддинов

165
Дастгоҳ ва аҳли устохонаи илмию эҷодии ТҶ "Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ" бо андуҳи зиёд хабар медиҳад, ки меъмори варзида барандаи ордени "Шараф" дараҷаи 2-юм, узви ҳақиқии Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ, аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъмори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи зиёда аз дусад лоиҳаҳои сохтмони, ки имрӯзҳо ҳусни шаҳру деҳоти кишвари соҳибистиқлоламон ва хориҷи онро ободу зебо гардониданд, 27-июни соли 2021 аз дунё даргузашт.
Зуҳуритдинов Сироҷиддин Абдулсаидович баъд аз хатми факултаи меъморӣ ва сохтмони Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон аз меъмори лоиҳаҳо фаъолияти эҷодиашро оғоз намуда, ба дараҷаи меъмори калон, сармеъмори лоиҳаҳо, директори ПИ "Душанбегипрогор", сардори сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, сармеъмори шаҳри Душанбе, директори ҶСК "Саноатсоз", сармеъмори устохонаи илмӣ-эҷодии ТҶ "Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ" ва директори устохонаи илмӣ-эҷодии ТҶ "Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ" расид.
Фаъолияти эҷодиаш дар солҳои Истиқлолияти давлатамон ба даст омада авҷ гирифта, асарҳои меъмориаш ба монанди Маркази алоқаи ҷавонони пойтахт, "Боғи устод Рӯдакӣ", ки ба 1150 солагии ҷашни шоир бахшида шудааст, Боғи "Ҷавонон"-и пойтахт, Боғи ба номи У.Хайём, Китобхонаи миллӣ, Бинои Парлумони ҶТ, Майдони "Истиқлол" дар ш.Душанбе, хонаи истироҳатии "Пугус" дар ноҳияи Варзоб, Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти ҶТ, Маркази савдои "Меҳргон" ва "Пойтахт", Мадраса барои 1500 ҷой, Толори қабули намояндагони Ҳукуматҳо, VIP толори ҳавопаймои ш.Душанбе, биноҳои истиқоматӣ бо унсурҳои миллӣ лоиҳасозӣ гардида ва даҳҳо лоиҳаҳои дигар, ки дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо хатҳои заррин навишта шудаанд. Ба аҳли оила, наздикони устод ва касоне, ки Зуҳуритдинов Сироҷиддин Абдулсаидовичро медонанду дар ёд доранд ҳамдардӣ баён намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил мехоҳем.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво