«Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид
782
«Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025″ тасдиқ гардид. Дар ин бораи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 22 июни соли 2021 ба тавсиб расид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Сарраёсати молияи пойтахт вазифадор гардидааст, ки барои татбиқи барномаи мазкур дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудошуда ва солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд. Тибқи қарори мазкур Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» муқаррар гардида, ҳар сол то 20 ноябр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалӣ гардидани он гузориш пешниҳод менамояд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |