27 январ 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар даромадгоҳи Мурғоб дарвоза сохта мешавад

69
То ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб дарвоза сохта мешавад. Дар шафати дарвоза инчунин ташкили таваққуфгоҳи велосипед, айвон ва харитаи экологии сайёҳии ноҳияи Мурғоб ва дигар инфрасохтор пешбинӣ гардидааст.

Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, ки роҳбари гурӯҳи кори ҳукуматӣ ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин ноҳия мебошад, ба Мурғоб сафари корӣ анҷом дода, бо роҳбарон ва дигар масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур барои сохтмони дарвозаи даромадгоҳи ноҳия санги асос гузошт.

Баҳодур Шерализода бо фаъолон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо вохӯриҳо доир намуда, бо ҷараёни корҳои банақшагирифташуда ва сохтмони онҳо шинос гардид.Дар ин сафар Раиси Кумита аз иншооти ҷашнӣ- сохтмони варзишгоҳ дар ҷамоати Бердибаеви ноҳияи Мурғоб дидан намуд. Ҳамзамон оид ба амалигардонии иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 60 нафар оилаҳои ниёзманди ноҳияи Мурғоб бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ кумаки яквақта, аз қабили орду равған ва шакар расонида шуд.

Бо ташаббуси Кумита барои хизматчиёни қисми ҳарбӣ, ки дар ноҳияи Мурғоб мустақар аст, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ хони идона ороста шуд. Дар вақти сафар ва шиносоӣ Раиси Кумита бо шароити таълиму тарбия аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ва 14-и ноҳия дидан намуда, таъмиру тармими пурраи 3 синфхонаро ба зиммаи мақомоти ҳифзи муҳити зист вогузор намуд.

Инчунин Баҳодур Шерализода аз Парки миллии Тоҷикистон боздид кард. Сохтмони бинои нави Парки миллии Тоҷикистон барои роҳбарият ва кормандон айни замон идома дошта, он дар арафаи ҷашни миллӣ ба истифода дода мешавад.

Ҳамзамон Раиси Кумита аз Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Зоркӯл» боздид карда, бо масъулин вохӯрӣ анҷом дода, дар маросими гузоштани санги асоси бинои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим иштирок намуд.Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ корҳо дар доираи нақшаҳои тасдиқгардида идома дошта, аз ҷониби масъулон сари вақт ба сомон расонида мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво