29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Исфара 420 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд

238
Дар шаҳри Исфара ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 457 иншоот ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли равон сохтмони 22 иншоот пешбинӣ ва то имрӯз 14 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар маҷмӯъ, то ин давра 420 иншоот бунёд ва таъмиру навсозӣ гардидааст, ки баробари 91,9 фоизи нақшаи умумӣ мебошад.

Дар ин бора зимни сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода зимни ин сафар бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ шинос гардид.

Раиси вилоят зимни сафар корҳои сохтмониро дар иншооти гуногун, аз ҷумла марказҳои савдову хизматрасонӣ, муассисаи томактабӣ, корхонаҳои саноатӣ, инчунин азхудкунии заминҳои нав ва бунёди ва ташкили боғоти суперинтенсивиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, баҳри бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо, истифодаи самараноки замин супоришҳои мушаххас дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво