29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аз Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVaс» бар зидди бемории COVID-19 ворид карда шуд

168
Имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVaс» бар зидди бемории сироятии COVID-19 ворид карда шуд.

Дар маросими қабули ваксинаи мазкур муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салимӣ, Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лу Бин, муовини Директори генералии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Анвар Зиёев ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода афзуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ муаррифӣ гардидаанд. Дар ин раванд байни ду ҷумҳурӣ солҳои охир робитаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ боз ҳам густариш ёфта, лоиҳаҳои азим роҳандозӣ гардида истодаанд.

Ҳамзамон зикр гардид, илми имрӯза собит намудааст, ки маҳз бо роҳи ваксинатсия пеши роҳи бемории коронавирус гирифта мешавад.

Ба зикри Ҷ. Абдуллозода пас аз ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, анҷом додани барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва дарёфти шароити интиқоли ваксина, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин бо дастгирии техникии молиявии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» муяссар гардид, ки имрӯз ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVaс»-и «Sinovac Research & DevelopmentCo. Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 300 800 адад сӯзандору ворид карда шаванд.

Бояд гуфт, ки ваксинаи мазкур дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақшаи миллӣ ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 116 ҳазору 341 нафар вояи якум ва 15 ҳазору 34 нафар вояи дуюмро қабул намудаанд, ки дар умум 132 ҳазору 75 нафар бо ваксина фаро гирифта шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво