15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид

225
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид, ки дар он 10 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибавӣ ва ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2020 шунида шуд ва хулосаи аудитори ҷамъияти мазкур барои соли 2020 пешниҳод гардид.

Дар маҷлис оид ба зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва ворид намудани тағйирот ба Оинномаи ҷамъият қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ҳамчунин лоиҳаи қарордоди лоти 3 «Сохтмони иншооти соҳили рост»-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» байни фармоишгари сохтмони иншоот — Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пудратчии генералии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз рӯи лоти 3 — Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» маъқул дониста шуд.

Дар маҷлис аъзои Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии ҷамъият интихоб гардида, аудитори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои соли 2021 ва подошпулии он тасдиқ карда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво