25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ОЯНДАРО БО ҲАМ МЕСОЗЕМ!» Аз 19 то 26 июн таҳти ин унвон дар Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон доир мегардад

185
Аз 19 то 26 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» баргузор мешавад. Дар доираи форуми мазкур барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир мегардад, ки дар он ҷавонони ҳунарманд аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Белорус, Молдова, Озарбойҷон иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар Форуми мазкур иштироки 45 нафар ҷавонон аз ИДМ дар назар дошта шудааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Форуми байналмилалии ҷавонон дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, Шӯрои миллии кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва эълон гардидани шаҳри Душанбе – ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ гардидааст.

Дар доираи Форуми мазкур баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла баргузории барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, боздид аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе, минтақаи Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории давлатҳои узви ИДМ баргузор шуда, мақсад аз он мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни ҷавонони ИДМ, муаррифии таърих, фарҳанг ва осори пурғановати миллати тоҷик ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво