29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба ҷашни миллӣ дар Истаравшан корҳои мумфаршкунии роҳҳои кӯчаву маҳаллаҳо вусъат меёбанд

152
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи ба номи Мумин Иброҳимови маҳаллаи Курушкадаи шаҳри Истаравшан ба мумфаршкунии роҳи мошингард оғоз карданд. Дарозии роҳ якҷо бо кӯчаҳои ҳамшафати он наздики 1 км ва паҳноии он 9 метрро ташкил медиҳад.Дар оғози корҳои асфалтпӯшкунии роҳи кӯчаи мазкур раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва собиқадорону сокинони маҳалла иштирок намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти дастгоҳи Раиси шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кӯчаҳои дигари маҳаллаи мазкур низ сокинон тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни ваҳдати миллӣ мумфаршкунии роҳи мошингарди кӯчаҳояшонро ба анҷом бирасонанд. Сокинони маҳаллаи мазкур иброз доштанд, ки барои сазовор ва бошукӯҳ пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ ҳар як тоҷкистониро зарур аст, ки саҳми хешро дар ободонию шукуфоии сарзамин гузоранд.

-Ободкуниро мо бояд аз хонаи зисти хеш, аз кӯчаву маҳалла ва шаҳрамон оғоз кунем, — иброз доштанд онҳо.

Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бунёди 450 иншоот дар назар дошта шудааст. Аз ин шумора зиёда аз 270-тои он мавриди истифода қарор гирифтаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво