29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба истифода додани бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд

1173
Ба истифода додани бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд
Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанди виляти Суғд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.
Инчунин аз ҷониби сардори давлат ба хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ба ду нафар маъюбе, ки то имрӯз аз надоштани ҷои зисти доимӣ бо танқисиҳои зиёд рӯ ба рӯ буданд манзили зист туҳфа карда шуд. Чунин амали инсондӯстонаи сардори давлат имкон дод, ки дар тантанаҳои идона мушкилии ду нафар оилаҳои маъюб бартараф гардад.
Иншооти нав ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 7 миллион сомонӣ сохта шудааст, ки бо тамоми шароити замонавӣ барои зист пешбини гардидааст. Бинои муосири 9-ошёна аз 27 ҳуҷра иборат буда барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ гардидааст.
Мавриди зикраст ки баҳри зиндагии шоистаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар қисмҳои низомӣ хукумати кишвар пайваста талош намуда ҳамасола шумораи зиёди афсарони кисмҳои низомӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзилҳои зист таъмин мегарданд. Бояд гуфт, ки чунин амали саховатмандона маротибаи дуюмаст, ки дар шаҳри Хуҷанд амали шуда ниёзмандон бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин мегарданд.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби намояндагии (Филиали) ҶСК «Санииосп» дар шаҳри Хуҷанд таҳия шудааст. Фармоишгар идораи сохтмони асосиии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчии иншоот ҶДММ «Аъзам-Ю» мебошад.
Аснои шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки манзилҳои истиқоматӣ, аз 1 то 2 ҳуҷрагӣ буда, дар маҷмуъ 27 оила соҳиби макони зисти замонавӣ шуданд. Аз ҷумла дар ин ҷо 9 адад манзили зисти як ҳуҷрадор, 18 адад ду ҳуҷрадор мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво