26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шоири маъруфи тоҷик Салимшо Ҳалимшо дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт

216
Имрӯз дар шаҳри Душанбе шоири маъруфи тоҷик Салимшо Ҳалимшо дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре аз Итттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷанозаи Салимшо Ҳалимшо баъд аз нисфи рӯзи имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ҷасади ӯро дар қабристони Сари Осиёи пойтахт ба хок супориданд.

Салимшо Ҳалимшо 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1960 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989-1991) ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ таҳти унвони «Киштии Инқилоб» (1960) ва «Роҳи қуллаҳо» (1965) пешниҳоди хонандагон гардидааст.

«Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006), драмаи «Кабӯтарони сафед» ва ғайраҳо маҳсули эҷоди дигари ин шоири ватансаро мебошанд.

Намунаҳои ашъори ин шоири тозагӯи тоҷик ба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғайраҳо тарҷума ва чоп шудаанд. Инчунин Салимшо Ҳалимшо намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ гардондааст.

Хидматҳояш бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, Унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва ордени «Дӯстӣ» (1997) қадршиносӣ гардидаанд.

Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво