29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

30 СОЛИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои Сардори раёсати МТС Абдураҳмон Қурбонов доир ба ин мавзуъ

201
Дар оғози солҳои навади асри гузашта воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон танҳо дар бораи даргириҳои Тоҷикистон ва задухӯрдҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин иттилоъ пахш мекарданд. Тоҷикистон дар назари ҷаҳониён чун манбаи терроризм ва хунрезӣ муаррифӣ мегардид. Барои Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон зарур буд, ки дар ин лаҳзаи ҳассос маҷрои андешаи аҳли оламро оид ба Тоҷикистон ва авзои сиёсии он ба самти дигар равона созад ва бо ин мақсад бо дастури Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябр то 8 октябри соли 1993 дар шаҳри Душанбе анҷумани Тоҷикистону Америка оид ба масъалаҳои илм, иқтисодиёт, фарҳанг ва маориф баргузор гардид. Ин яке аз нахустин чорабиниҳои фарҳангии замони Истиқлол маҳсуб мешуд, ки бо ширкати теъдоди зиёди олимону мутахассисони хориҷӣ баргузор мегардид ва он аз мавҷудият ва рушди илму фарҳанг ва маорифу иқтисоди ҷумҳурӣ ба ҷаҳониён мужда медод.

Андешаҳои сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, д.и.ф. Абдураҳмон Қурбонов доир ба ин мавзуъ дар даврони соҳибистиқлолӣ манзури хонандагон мегардад.

-Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардид. Ворид гардидан ба ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди миллати тоҷик ва тамоми сокинони ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон иҷрои вазифаи пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва рукнҳои давлатдории муосирро пеш гузошт. Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои рушди илм ва технологияи муосир, тарбияи кадрҳо ва ташкилу идора намудани соҳаи илму маориф дар шароити нав маҳсуб мешуд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин марҳилаи ҳаёти ҷумҳурӣ, дар баробари истифода аз имкониятҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму маориф, инчунин густариши васеи ҳамкориҳо дар самти таҳқиқоти илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ бо кишварҳои хориҷӣ, дар мадди аввал бо ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ зарур буд. Зеро фазои ягонаи таҳсилот ва робитаҳои илмӣ, ки солҳои зиёд байни ин кишварҳо вуҷуд дошт, барои фаъолияти муштарак дар ин самт мусоидат мекард.

Олимони тоҷик, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти муътадили соҳаи мазкур, корҳои илмию тадқиқотӣ, тарбия намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ саъю талош меварзиданд. Чун робитаҳои илмӣ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла бо Федератсияи Россия ҳанӯз канда нашуда буданд, олимони тоҷик барои ҷамъбасти тадқиқотҳои илмии худ, аз ҷумла ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ, ба ҳамкорони хориҷии худ, хусусан ба ҳамкасбони руссиягӣ муроҷиат мекарданд ва дастовардҳои илмии худро муаррифӣ менамуданд.

Ба нооромӣ ва нобасомониҳо нигоҳ накарда, дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ баъзе қарордодҳо ва созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба соҳаи илм ба имзо расонида шуданд. Чунончӣ, 13 марти соли 1992 дар шаҳри Москва миёни 12 ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ (ба истиснои ҷумҳуриҳои соҳили Балтик) “Созишнома дар бораи ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ба имзо расонда шуд ва мавриди ёдоварист, ки ин аввалин ҳуҷҷати расмӣ дар бораи ҳамкориҳои илмӣ миёни ҷумҳуриҳои номбурда дар шароити истиқлолият маҳсуб мешуд. Дар заминаи ҳуҷҷати мазкур 15 майи ҳамон сол дар шаҳри Тошканд “Протокол дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба Шӯрои байнидавлатии илмӣ-техникӣ” аз ҷониби 12 ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ ба имзо расид, ки ин ду ҳуҷҷат барои ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узви ИДМ дар самти тадқиқотҳои бунёдӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, тарбияи мутахасассони дорои таҳсилоти олӣ, ҳимояи моликияти зеҳнии миллат ва мубодилаи иттилооти илмӣ-техникӣ нақши муҳим гузоштанд.

Дар ин давра воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон танҳо дар бораи даргириҳои Тоҷикистон ва задухурдҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин иттилоъ пахш мекарданд. Тоҷикистон дар назари ҷаҳониён чун манбаи терроризм ва хунрезӣ муаррифӣ мегардид. Барои Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон зарур буд, ки дар ин лаҳзаи ҳассос маҷрои андешаи аҳли оламро оид ба Тоҷикистон ва авзои сиёсии он ба самти дигар равона созад ва бо ин мақсад ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузор намудани анҷумани Тоҷикистону Америка оид ба масъалаҳои илм, иқтисодиёт, фарҳанг ва маориф” дастур дода шуд. Тибқи дастури Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябр то 8 октябри соли 1993 дар шаҳри Душанбе анҷумани Тоҷикистону Америка оид ба масъалаҳои илм, иқтисодиёт, фарҳанг ва маориф баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки ин яке аз нахустин чорабиниҳои фарҳангии замони истиқлолият маҳсуб мешуд, ки бо ширкати теъдоди зиёди олимону мутахассисони хориҷӣ баргузор мегардид ва он аз мавҷудият ва рушди илму фарҳанг ва маорифу иқтисоди ҷумҳурӣ ба ҷаҳониён мужда медод.

Баъди як моҳи ин чорабинӣ, ба хотири ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти илм, дастури Роҳбари давлат “Дар бораи таъсиси Маркази байналхалқии тадқиқоти кайҳонӣ дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир гардид ва аз 15 ноябри соли 1993 доир ба таъсиси муассисаи мазкур қарори махсуси Шӯрои Вазирон ба тасвиб расид. Таъсиси ин Маркази байналмилалӣ барои ҳифз, барқарорсозӣ ва таъмини фаъолияти минбаъдаи стансияи илмии тадқиқоти кайҳонӣ дар мавзеи Оқархари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва иҷрои барномаҳои махсусан муҳими илмии байналмилалӣ дар соҳаи омӯзиши афканишоти кайҳонӣ ва ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ барои таҳқиқотҳои муштарак аҳамияти муҳим дорад. Бояд эътироф намуд, ки қабул гардидани ин қарорҳо, дар чунин давраи аз нигоҳи сиёсӣ ҳассос ва мураккаби ҷумҳурӣ, хеле бамаврид ва мақсаднок буда, ҳамзамон бо ин васила барои муаррифии илму фарҳанг ва таҳкими ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ хиштҳои нахустин гузошта шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низоми идоракунии илм мутамарказ буда, аслан аз Москва тавассути Кумитаи давлатӣ оид ба илму техника ва Комиссияи олии аттестатсионии (ВАК) назди Шӯрои Вазирони ИҶШС амалӣ мегардид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои ташкил ва идора намудани соҳаи илм ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ин гуна сохторҳо дар тамоми ҷумҳуриҳо дар шакли «вазорати илм ва маориф» ё «кумитаи илм ва технология» таъсис дода шуданд. Барои назорат ва танзими тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, додани диплому дараҷаҳои илмӣ дар ҳамаи ҷумҳуриҳо Шӯрои олии аттестатсионӣ таъсис дода шуданд.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият, амалӣ намудани сиёсати мақсаднок оид ба тарбияи мутахассисон ва кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ барои таъмин намудани талаботи муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб мешавад.

Замони истиқлолият барои тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар гузашта чун як ҷисми том дар тамоми соҳаҳои ҳаёт-иқтисод, сиёсат, фарҳанг, илм, маориф ва ғайра бо риштаҳои зиёду ноаён пайваст буданд, мушкилоти зиёдеро пеш овард. Низоми идораи илми Шӯравӣ мутамарказ буд ва бо аз байн рафтани он ҳамоҳангсозии мавзӯъҳо ва проблемаҳои илмӣ, ҳамкориҳои мактабҳои олӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва марказҳои гуногуни илмӣ дар соҳаи тадқиқот ва тарбияи кадрҳои илмӣ низ аз байн рафт. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳалаи аввали истиқлолият ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардида буд, дар вазъияти мураккаб қарор дошта, барои ба роҳ мондани фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ ва анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ба кӯмак ва ҳамкориҳои илмӣ бо кишварҳои дигар эҳтиёҷи бештаре дошт.

Аз ин рӯ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмин намудани равобити муассисаҳои илмӣ ва олимону мутахассисони ҷумҳурӣ бо муассисаҳои илмӣ ва олимону донишмандони кишварҳои дигар, чун як самти муҳими сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи илм ва тарбияи мутахассисон муайян гардид. Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ин соҳа, дар тӯли истиқлолият миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар зиёда аз 80 созишнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ, илмию техникӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ ба имзо расонда шудаанд, ки ин ҳамкориҳо дар шароити рушди босуръати илму технология ва дастрасӣ ёфтан ба иттилооти нав оид ба соҳаи илму техника, аз ҳолати буҳронӣ раҳоӣ бахшидани илми тоҷик нақши муҳим гузоштанд.

Бояд гуфт, ки аз соли 1996 ҳамкориҳои илмии миёни Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ, алалхусус кишварҳои узви ИДМ вусъати тоза пайдо кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои хориҷӣ ва вохӯриҳо бо назардошти вазъи мавҷуда ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекарданд. Чунончӣ, 7 сентябри соли 1995 дар вохӯрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия В.С.Черномырдин мавзӯи ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар соҳаи илму тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди баррасии махсус қарор дода шуд ва тибқи натиҷаҳои ин вохӯрӣ, тарафҳо барои омода намудани созишномаи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи номбурда уҳдадор гардиданд. Тибқи натиҷаҳои ҳамин вохӯрӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» аз 30 марти соли 1996 №126 қабул гардид, ки он дар ҳамкориҳои минбаъдаи ин ду кишвар дар самти илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ нақши калидӣ дошт. Ҷиҳати иҷрои қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишнома бо Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳо дар самти илм аз 12 феврали соли 1997, ки дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, 1 сентябри соли 1997 №395 қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» қабул карда шуданд.

Дар ин давра (1996-2000) созишномаҳо бо Федератсияи Россия «Дар бораи барномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи ташкил ва истифодаи техника ва технологияи нав, мубодилаи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар давраи то соли 2000-ум», «Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсис ва фаъолияти ташкилоти илмии байналмилалии «Помир-Чақалтой» ба имзо расонида шуданд. Инчунин, бо мақсади нигоҳдорӣ ва рушди нерӯи илмӣ-техникии ҷумҳурӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои илмӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроӣ» аз 2 июни соли 1997 №257 қабул гардид, ки ин, бешубҳа, барои анҷом додани таҳқиқотҳои муштараки олимони тоҷик бо ҳамкасбони хориҷии худ, ҳамзамон фаъолияти олимони тоҷик дар ин маркази байналмилалии илмӣ воқеъ дар шаҳри Дубнаи вилояти Москва, барои илми тоҷик ва тарбияи кадрҳо дар ин самт аз аҳамият холӣ нест.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи илм вусъат бахшида, дар ин давра бо қарорҳои худ созишномаҳо оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи тарбия ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ, илму техника ва технологияро бо ҳукуматҳои Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Бошқирдистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Девони Вазирони Украина тасдиқ намуд.

Бо фарорасии сулҳу субот ва фазои мусоид барои фаъолияти муассисаҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ, доираи ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ низ фаррохтар ва самараноктар гардид. Қобили зикр аст, ки аз соли 2000 то соли 2005 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ 33 созишнома ба имзо расонида шудааст. Дар ин давра, хусусан, қабул гардидани қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аҳдномаи таъсиси Маркази илмию технологӣ дар Украина» (аз 17 апрели соли 2002 №616) ва «Дар хусуси тасдиқи Созишномаи Маркази байналмилалии илмию техникӣ» (аз 5 феврали соли 2003 №772) барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва илмию таҳқиқотиро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, бо дастгириҳои молиявии Маркази байналмилалии илмию техникӣ, ҷудо гардидани грантҳо ва таҷҳизоти техникӣ ҷиҳати амалӣ намудани пажӯҳишҳои илмӣ-амалӣ, аз ҷониби олимони ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо ин Маркази байналмилалӣ дар соҳаи фанҳои дақиқ корҳои муайян ба анҷом расонда шудаанд.

Бо сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо дар ин самт тавсеа ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила қарорҳо қабул гардиданд, ки ҳар яки он дар рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои узви ИДМ дар самти таҳқиқоти илмӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ нақши муассир доранд. Аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома доир ба ташаккул ва мақоми барномаҳои байнидавлатии инноватсионӣ ва лоиҳаҳо дар соҳаи илмию технологӣ»(с.2000),«Дар бораи тасдиқи Созишнома дар хусуси тартиби ҷалб намудани ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва мутахассисони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри иҷрои барномаҳои миллии илмию техникӣ» (2000), «Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Белорус, Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар хусуси эътирофи мутақобила ва баробар донистани ҳуҷҷатҳои таҳсил, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳо аз 24 ноябри соли 1998» (2002), «Дар бораи маъқул донистани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи байналмилалии дастгирии ҳамкорӣ бо олимони давлатҳои нави мустақили собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (INTAS) дар хусуси ҳамкории илмӣ» ва ғайра барои рушди ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ, макотиби олӣ ва олимону мутахассисони ҷумҳурӣ дар анҷом додани тадқиқотҳои муштарак бо олимони кишварҳои хориҷӣ, тарбия намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, эътирофи мутақобила ва баробар донистани ҳуҷҷатҳои таҳсил, дараҷаҳои илмӣ ва дигар самтҳои соҳаи мазкур саҳми муҳим доранд.

Дар маҷмӯъ, дар замони истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 санади муҳимми давлатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму техника ва тарбияи кадрҳои илмӣ қабул гардида, айни ҳол дар ин самт бо зиёда аз 30 кишвари хориҷаи наздик ва дур ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд. Муҳим будани қабули санадҳои мазкур, пеш аз ҳама, аз он бармеояд, ки илми асри ХХ1 дар ҳалли масоили рушди устувори иқисоди ҷаҳон, кашфи кайҳон, ҳалли мушкилоти глобалӣ аз қабили камбизоатӣ, хароб гардидани муҳити зист, амният дар соҳаи озуқаворӣ ва таъмини кураи замин бо оби ошомиданӣ ва хусусан, масоили рушди инсон нақши муҳимтаринро мегузорад. Яъне, ҳалли тамоми мушкилоти замони муосир дар мадди аввал бар дӯши илм вогузор аст ва ин вазифаи барои тамоми сайёра муҳим бидуни ҳамкориҳои байналмилалӣ, истифода аз дастовардҳои кишварҳои мухталиф, бе муттаҳид намудани нерӯи ақлии аҳли сайёра аз имкон берун аст. Маҳз ҳамкориҳо ва тадқиқотҳои муштараки илмӣ, нашр ва дастрас гардондани натиҷаҳои тадқиқот ва адабиёти илмӣ, мубодилаи иттилооти илмӣ ва мутахассисон метавонад илмро ба аслиҳаи муҳимми ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷаҳони муосир табдил диҳад ва маҳз тавассути ин ҳамкориҳо олимони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки дар ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилоти ҷаҳон саҳмгузор бошанд.

Таҳлили сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба соҳаи илму техника собит менамояд, ки дар тӯли 30 сол барои таъмини фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар чумҳурӣ корҳои муайян ба анҷом расонда шудаанд. Тавре ки маълум аст, рушди босуръати илму технология ва дар ин замина афзудани рушди иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварҳо боиси рақобати шадиди онҳо барои пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонӣ мегардад. Бояд зикр намуд, ки вобаста ба талаботи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар ин марҳилаи рушд Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба дастовардҳои илму техника ва олимону мутахассисон ниёзи бештар пайдо мекунанд, ки қонеъ гардондани ин талабот маҳз тавассути ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ дар ин самт амалӣ хоҳад шуд.

Тавре ки аз таҳлилҳои боло бармеояд, дар тӯли истиқлолият бо кишварҳои зиёд дар соҳаи илму техника созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда шудаанд, вале фаъолияти амалӣ дар самти мазкур маҳз бо Федератсияи Россия дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардид. Маврид ба ёдоварист, ки дурнамои ҳамкориҳо барои Тоҷикистон дар соҳаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ маҳз бо Россия ояндадору судманд маҳсуб мешавад. Зеро ки ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат судманд аст.

Аввалан, Россия кишваре мебошад, ки қариб дар тамоми самтҳои илми муосир таҳқиқотҳо анҷом медиҳад. Аз феҳристи равияҳои илмии тасдиқнамудаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии худи кишвари Россия доир ба 96 фоизи он корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Дар кишварҳои дигари узви ИДМ, аз ҷумла дар Украина доир ба 65 фоиз, Белоруссия – 54 фоиз, Қазоқистон – 54 фоиз, Молдавия – 12 фоиз ва Тоҷикистон 8 фоизи он таҳқиқотҳои илмӣ анҷом дода шуда, ҳамчунин бо ин равияҳо кадрҳои илмӣ тайёр карда мешаванд. Ин нишондод далели он аст, ки иқтидори илмии Россия айни ҳол дар сатҳи баланд қарор дорад.

Сониян, дастгирии молиявии соҳаи илм дар Россия дар муқоиса бо кишварҳои дигар, аз ҷумла ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ фарқи калон дорад. Масалан, маблағгузорӣ барои соҳаи илм дар ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна 0,1 фоиз, ҷумҳуриҳои Кавказ 0,2 фоиз ва дар ҷумҳуриҳои соҳили баҳри Балтик аз 0,2 то 0,4 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Дар Федератсияи Россия бошад, хароҷот барои соҳаи илм зиёда аз 1 фоизи ММД-ро ташкил мекунад. Соли 2009 вобаста ба талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия панҷ самти афзалиятноки илм ва 27 технологияи ҳассос муайян карда шуданд, ки ин ба рушди соҳаи мазкур нақши муҳим гузошт.

Ҳамчунин, Россия бо марказҳои бузурги илмӣ, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ташаккул ёфта, шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намуда буданд, имрӯз низ бо иқтидори бузурги зеҳнӣ ва олимону мутахассисонаш, бешубҳа яке аз пешсафони илми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Дар тӯли як соли мубориза бо зукоми фарогири КОВИД-19 бори дигар собит гардид, ки Россия чун яке аз лидерҳои илми ҷаҳонӣ мавқеи худро устувор нигоҳ медорад.

Вобаста ба ин, дар шароити кунунӣ барои ҷумҳурии мо ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок дар самти илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ бо Федератсияи Россия бояд чун самти афзалиятнок ва муфиду ояндадор эътироф ва амалӣ карда шавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво