29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аз 474 иншооти ҷашнии шаҳру деҳоти Исфара 435 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст

162
Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор» тадбирҳои шоиста роҳандозӣ мегарданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар шаҳру деҳоти Исфара бунёду навсозиии 474 иншоот, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз 435 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз як зумра иншооти ҷашнии маркази шаҳр боздид намуд.

Зимни шиносоӣ Раиси шаҳр таъкид намуд, ки иншооти ҷашнӣ бояд бо сифати баланди меъморӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифат бунёд карда шаванд.

Мавриди таъкид аст, ки бо бунёду таъмири иншооти гуногунии хоҷагии халқ симои деҳоту шаҳракҳо ва маркази шаҳри Исфара дигаргун шуда, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта истодааст.

Баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат оид ба ширкати фаъолонаи соҳибкорон дар раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ соҳибкорони Исфара бо нишони дастгирӣ аз сиёсати дурусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътимоди қавӣ ба фардои неки Ватан дар ин маърака мавқеи пешсафиро ихтиёр намудаанд. Хусусан бо саҳми соҳибкорон имрӯз бунёди корхонаҳои саноатӣ, коркарди меваи хушк, иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ, биноҳои истиқоматӣ, таъмиру тармими иншоотҳои таъиноти гуногун босуръат идома дорад.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суҳбат бо масъулин ҷиҳати вусъати корҳои бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони мамлакат, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб дастуру супоришҳои мушаххас дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво