26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Форуми сайёҳии СҲШ ва Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад

175
Тавре қаблан иттилоъ додем, 15-16 июли соли равон дар Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар дошта шудааст, ки дар доираи он баргузории Форуми сайёҳии СҲШ ва Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ пешбинӣ шудааст.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рӯзи аввал — 15 июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.

Нимаи дуюми ҳаминин рӯз дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки зиёда аз 200 нафар Форуми сайёҳии СҲШ ба кори худ оғоз менамояд.

Рӯзи дуюм -16 июл дар Боғи «Ирам» бо иштироки меҳмонони вохӯрии мазкур Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар Боғи «Ирам» аз ҷониби Вазораи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикситон барои иштирокдорони Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ барномаи фарҳангӣ пешниҳод мешавад.

Иштирокдорони вохӯрии мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчунин дар ин рӯз ба тамошои Қаълаи Ҳисор мераванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво