Бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар хиёбони Исмоили Сомонӣ намоиши дастовардҳои даврони истиқлолият аз тамоми корхонаву ташкилот ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар намоиши мазкур дар радифи корхонаҳои истеҳсолӣ, донишгоҳу донишкада, пужӯҳишгоҳ ва тамоми муассисаҳои пойтахт беҳтарин дастовардҳои худро, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст оварда буданд, ба намоиш гузоштанд.
Ҳадафи асосии намоишгоҳи бошукӯҳ- муаррифии муассисаву корхонаҳои кишвар дар 25 соли Истиқлолият мебошад.
Дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он низ дар ин намоиш ширкати фаъолона намуда, тарҳи лоиҳаҳои беҳтарини меъморӣ, макети биноҳои сохташаванда ва акси биноҳои сохташударо ба маърази тамошо гузоштанд.