18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар менамояд

216
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар раъси як ҳайати парлумонии кишвар, шомили Саидмурод Фаттоҳзода — Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва дигар кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ аз 29 май то 4 июни соли 2021 ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шаҳри Исломобод сафари расмӣ менамоянд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ 10 давлат, аз ҷумла кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ўзбекистон, Туркия, Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон шомил мебошанд. 21 – уми майи соли 1998 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паймони нави Измирро тасдиқ намуда, дохил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро ба расмият даровард. Дар доираи Созмон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла Паймони Измир, Созишнома оид ба тиҷорати транзитӣ дар минтақаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Созишномаи сиғавии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ оид ба ҳамлу нақли транзитӣ, Созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Ойинномаи Донишкадаи фарҳангии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Ойинномаи Бунёди илмии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Ойинномаи Донишкадаи маорифи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисод ва дигар санадҳо тасдиқ гардида, ба имзо расидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои созмони мазкур дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кишоварзӣ, саноат, телекоммуникатсия, фарҳанг ва маориф ҳамкориҳи густурдаро ба роҳ мондааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво