25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Восеъ меҳмонхонаи «Сайёҳон» бунёд мешавад

514
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ аз ҷониби соҳибкори шинохта Авазхон Кабиров меҳмонхонаи замонавии «Сайёҳон» ба истифода дода мешавад.

Тавре роҳбари сохтмон Асадулло Абдуллоев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бинои мазкур аз 4 ошёна, 46 ҳуҷра барои 150 нафар иборат буда, дар он барои сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ шароити хеле хуб фароҳам оварда мешавад.

Бинои меҳмонхона дар масоҳати 90 сотих ҷойгир шуда, дар атрофи бино боғи дарахтони мевадиҳанда, ду адад ҳавзи шиноварӣ, фаввораҳои дилфиреб, ҷои лимӯпарварӣ, дар қисмати берунаи бино истироҳатгоҳи ҷолиб барои меҳмонон ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешаванд. Айни ҳол дар сохтмони бино 40 нафар сохтмончӣ фаъолият дошта, корҳои сохтмонии бино 98%-ро дар бар гирифта, то арафаи ҷашни дарпешистода бо сифати баланд ба истифода дода мешаванд.
Дар Восеъ меҳмонхонаи «Сайёҳон» бунёд мешавад

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола аз 300 то 400 нафар сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ аз ноҳияи Восеъ боздид намуда, бо ёдгориҳои таърихии он шинос мешаванд.

Соҳибкор Авазхон Кабиров ба мардуми ноҳияи Восеъ хизмати шоён расонида, тӯли солҳои охир дар маркази ноҳия бозори замонавии «Султони Кабир», толори варзишӣ, майдони варзишии дорои 5000 ҷои нишаст, майдончаи варзишӣ барои кӯдакон, маркази савдои сеошёна, коргоҳи дӯзандгӣ барои занон ва духтарон ва якчанд биноҳои дигарро, ки ноҳия ба онҳо ниёзи бештар дорад, бунёд намудааст.

Дар Восеъ меҳмонхонаи «Сайёҳон» бунёд мешавад

Бино ба иттилои раиси ҷамоати мазкур Ибодулло Неъматзода, бахшида ба ин ҷашни миллӣ дар ҳудуди ҷамоат боғи фарҳангӣ, Парчами миллӣ, корхонаи бофандагӣ ва адрасбофӣ, ки аз 4 ошёна иборат буда, дар оянда метавонад 150 нафарро ба кор қабул намояд, корхонаи обҳои ташнагишикан, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, боғчаи кӯдакон барои 216 нафар, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва якчанд биноҳои дигар аз ҷониби соҳибкорони дохилию ватанӣ ба истифода дода мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво