29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Театри мазҳака-мусиқии ба номи С.Вализодаи Кӯлоб бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқоли давлатӣ дар Муъминобод консерт доир намуд

241
Имрӯз дар деҳаи Якачинори Ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод тибқи нақшаи дуҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ва Театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб барномаи маърифатию фарҳангӣ доир гардид.

Тавре мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, гурӯҳи таблиғотӣ ва фарҳангӣ нахуст бо сокинони деҳоти мазкур ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор намуд.

Аъзои гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод зимни суханрониҳо, аз ҷумла таъкид карданд, ки соли равон барои мардуми Тоҷикистон соли одӣ не, соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст.

-Ҳар яки мо вазифадорем, ки дар иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳои тибқи нақша пешбинишуда саҳм гузошта, корро аз ободу зебо ва сабзкори кардани манзили хеш оғоз намоем, -иброз доштанд онҳо.

Пас аз вохӯрӣ қисмати фарҳангии барнома оғоз гардида, санъаткорони Театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ вализодаи шаҳри Кӯлоб бо барномаи рангин хотири ҳозиринро шод гардониданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво