20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Як гурӯҳ ҷавонони ниёзманди ноҳияи Рўдакӣ бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин гардиданд

194
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода, ки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ба як гурӯҳ ҷавонони ноҳияи мазкур, ки бо амри тақдир аз роҳгардӣ маҳруманд, аробачаҳои маъюбӣ тақдим намуд.

Тавре аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ориф Хоҷазода дар баробари аробачаҳои маъюбӣ ба Мафтуна Фатҳуллоева, Ганҷина Насриддинова, Санавбар Исмоилова, Аъзам Умаров ва Парвизи Мухторалӣ инчунин кумаки яквақтинаи молиявӣ тақдим намуд.

Дар ҷараёни суҳбату мулоқот ва тақдими аробачаҳо Ориф Хоҷазода изҳор намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии шахсони ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, минбаъд низ чунин дастгирию ғамхориҳо нисбат ба онҳо идома дода мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво