29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қосим-Жомарт Токаев ва котиби матбуоти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари худро аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон баён доштанд

132
Қосим-Жомарт Токаев ва котиби матбуоти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари худро аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон баён доштанд.

«Дар ҷараёни гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо ба мувофиқа расидем, ки роҳро дар самти таҳкими шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон идома бидиҳем». Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар сафҳаи Twitter-и худ хабар додааст.

Котиби матбуоти Сарвари давлати Қазоқистон Берик Уалӣ навори видеоиеро оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намуд.

«Сафари дурӯзаи расмии Сарвари давлат ба Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт. Ҷониби Тоҷикистон ҳайати Қазоқистонро бо эҳтироми бузург пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Токаевро дар фурудгоҳи Душанбе шахсан пешвоз гирифта, гусел намуданд», — навиштааст Берик Уалӣ.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво