20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

САРОЯНДАИ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Ба муносибати 110-солагии устод Мирзо Турсунзода дар ЭКО ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд

309
САРОЯНДАИ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Ба муносибати 110-солагии устод Мирзо Турсунзода дар ЭКО ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд
20 май Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба муносибати 110-солагии Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҳамоиши байналмилалии маҷозии «Сарояндаи сулҳу дӯстӣ»баргузор намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин ҳамоиш Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО Сарвар Бахтӣ Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро аз чеҳраҳои саршиноси минтақаи ЭКО ва хориҷ аз он донист, ки “ба унвони мунодии сулҳу дӯстӣ, нависандаи равшанзамир, машъалдори роҳи озодиву истиқлол, парчамбардори матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Устод дар маҳфилҳои бошукӯҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дарду андӯҳи тамоми мардуми ҷафодидаро ба гӯши ҷаҳониён мерасонд. Ин шоири саршиноси тоҷик мутааллиқ ба ҳамаи ҷаҳон буда, паёмаш ба кишвари худаш маҳдуд намешуд ва арзиши ҷаҳонӣ дошт».

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ишора ба нақши бузурги устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт, фарҳанг ва илми Тоҷикистон изҳор кард, ки «осори манзуми устод Турсунзода бо фарогирии тамоми анвои суннатии шеъри гузашта ва қолабҳои нави шеъри муосири тоҷикӣ, бо идомаи мазомини суннатӣ ва муроҷиат ба мавзӯоти муосир, бо рӯҳияи ғолиби башардӯстона ва ситоиши арзишҳои умумибашарӣ дар пешрафти адабиёти навини тоҷик ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ, дар тақвияти ҷанбаҳои миллии шеъри муосири тоҷикӣ ва вусъати ҷаҳонӣ пайдо кардани доираи мавзӯоти он саҳми бузурге дошт. Бад-ин маънӣ, шеъри устод Турсунзода беҳтарин мазҳари дастоварду комёбиҳои шеъри тоҷикии даврони шӯравӣ маҳсуб мешавад”.

САРОЯНДАИ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Ба муносибати 110-солагии устод Мирзо Турсунзода дар ЭКО ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд

Сафири Тоҷикистон дар идома гуфт, ки «Устод Мирзо Турсунзода ба унвони фиристодаи донои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба бисёр кишварҳои ҷаҳон, бавижа кишварҳои Осиёву Африқо сафар карда, бо мардуми он кишварҳо унси маънавӣ пайдо кардааст, аз шигифтиҳои адабу ҳунару фарҳангашон ба ваҷд омада, дарду ранҷашонро бо ҷони дили худ эҳсос намуда, аз озодиву истиқлолашон табли шодӣ задааст ва дар шеъри баландпарвози худ бо мардумони гуногуни Осиёву Африқо ҳамнаво ва ҳамсадо гардидааст”.

Сафири Тоҷикистон тазаккур дод, ки устод Турсунзода ба поси хидматҳои бузургаш дар рушди адабу фарҳанги Тоҷикистон баъд аз истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин касоне буд, ки бо фармони Президенти ҳақшинос ва фарҳангпарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба дарёфти унвони Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардид.

Раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва Раиси Бунёди Саъдии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил зимни ташаккур аз посдошти ёду хотираи бузургоне, чун Мирзо Турсунзода гуфт: «Устод Турсунзода ва тане чанд аз адибони бузурги Тоҷикистон, монанди шодравон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ ва дигарон аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки дар даврони қабл аз истиқлоли Тоҷикистон машъали забону адабиёти ниёгонро ба унвони рукни аслии ҳувияти мардуми тоҷик дар он сарзамин равшан нигоҳ доштанд ва ин сармояро барои миллати тоҷик ҳифз карданд. Тоҷикистон баъд аз он ки истиқлол пайдо кард, бо истифода аз ҳамон сармоя ҳувияти миллии худро бозҷӯӣ намуд ва кохи истиқлоли худро бар шолудаи фарҳанг ва забону адабиёти муштараки форсӣ-тоҷикӣ бино ниҳод. Бино бар ин, Мирзо Турсунзода ва шоирону нависандагони ҳамтирози ӯ ҳаққи бузурге бар гардани миллатҳо доранд».

Доктор Абҳай Кумар Сингҳ, устоди Донишгоҳи Роҳилханди Ҳиндустон устод Турсунзодаро дӯсти воқеии мардуми Ҳиндустон номид ва нақши беназири ашъори устодро дар ифшои дардҳои иҷтимоии ин сарзамини бостонӣ таъкид кард. Донишманди ҳиндӣ дар ин ҳамоиш аз эҳтироми самимии мардуми огоҳи Ҳиндустон нисбат ба ном ва шахсияти Мирзо Турсунзода сухан гуфт ва осори Турсунзодаро дар васфи Ҳиндустон бахше аз мероси адабии фаромиллӣ хонд, ки бо он мардуми Ҳинд низ ифтихор доранд.

Профессори Донишгоҳи Самарқанд Аслиддин Қамарзода дар суханронии хеш ба дӯстии ду миллати тоҷику ӯзбек ишора намуда, аз осори тарҷумашудаи Мирзо Турсунзода ба забони ӯзбекӣ ва ҳамкорию дӯстии ин шоири миллии тоҷик бо адибони ӯзбек ёдоварӣ карда, гуфт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев истгоҳи метро ва хиёбоне дар Тошканд ба номи устод Турсунзода номгузорӣ шудааст.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло навовариҳои осори Мирзо Турсунзодаро аз лиҳози муҳтаво, услубу сохт ва забону баёни шоирона ва арзишҳои ҳунарии шеъри устодро ҳамчун падидаҳои камназир дар шеъри тоҷикӣ тафсир намуд ва эҷодиёти Мирзо Турсунзодаро ҳамчун заминае мустаҳкам барои ташаккул ва таҳаввули шеъри муосири тоҷикӣ дар даврони шӯравӣ арзёбӣ кард.

Дар идомаи ин нишаст Содиқ Усён, устоди Донишгоҳи Балхи Афғонистон, хонум Фалеҳа Козимӣ, раиси бахши забону адабиёти форсии Донишгоҳи бонувони Лоҳури Покистон, Иброҳими Худоёр, устоди Донишгоҳи тарбияти мударриси Эрон, Ҷаъфари Эҳсонӣ, устоди Донишгоҳи таълиму тарбияи Шаҳид Раббонии Афғонистон, Фаридуни Фарҳодзода, рӯзноманигори нашрияи «Овози Самарқанд»-и Ӯзбекистон роҷеъ ба мақоми адабию иҷтимоии Мирзо Турсунзода дар кишварҳои минтақа, дӯстию рафоқати ин саромади адабиёти муосири Тоҷикистон бо адибони машҳури ҷаҳон, ҷойгоҳи шеъри устод дар тарғибу тақвияти ғояҳои сулҳу дӯстӣ дар минтақа ва ҷаҳон суханронӣ карданд.

Ҳамчунин дар миёни суханрониҳо лаҳзаҳое аз шеърхонии Мирзо Турсунзода, хотироти дӯстону шогирдон дар бораи устод ва таронаҳо бар ашъори ин шоири зиндаёд пахш гардиданд.

Ҳамоиши маҷозии мазкур бо таъкиди ҷовидонагии ном ва осори устод Мирзо Турсунзода ва ҷойгоҳи волои ӯ дар адабиёти минтақа ва ҷаҳон ба маҳфили муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳои адабиву фарҳангии Тоҷикистони муосир табдил ёфт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво