24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имсол дар Хуҷанд қариб 40 км роҳҳо мумфарш мегарданд

211
Имсол дар Хуҷанд қариб 40 км роҳҳо мумфарш мегарданд
Имсол дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мумфаршкунии қариб 40 км роҳҳои асосӣ ва кӯчаву хиёбонҳо пешбинӣ гардида, давоми моҳҳои март – апрел бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ватандӯст қариб 10 километр роҳҳои дорои аҳамияти дохилишаҳриву байни маҳаллаҳо асфалтпӯш гардонида шудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, кормандони Корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр яке аз кӯчаҳои серҳаракати маркази вилоят — кӯчаи Константин Калинников (собиқ Мичурин)-ро ба масоҳати беш аз 3000 метри мураббаъ пурра мумфарш намуда, ҳамзамон ҷӯйборҳои канори онро навсозӣ ва чароғпояҳои нав низ насб намуданд.

Мумфаршкунии роҳҳо дар яке аз шоҳроҳҳои асосии маркази вилоят — хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки ба самти роҳ ба фурудгоҳи шаҳрӣ ва истгоҳи роҳи оҳани вилоят равона гардидааст, аз қисмати мавзеи меҳмонхонаи “Эҳсон” то кӯчаи Мичурин оғоз гардид.

Айни замон корҳои мумфаршкунии роҳҳо дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳр дар мавзеи “Спутник” -и маҳаллаи Пахтакор низ шурӯъ гардидаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво