29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷавонон –ояндасозони Ватан

255
Ҷавонон –ояндасозони Ватан Каримзода Абдураҳмон Раҳим
муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

"Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем".
Эмомалӣ Раҳмон


Имрӯз ягон соҳае нест, ки дар он ҷавонони шуҷоъу ғаюр, некиродаву бофарҳанг, меҳнатдӯсту меҳанпарасти тоҷик дар соҳаҳои гуногуни кишвар саҳмгузор набошанд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврасу ҷавон беназир буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳсил, истироҳату донишандӯзии ҷавонон ва омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун бо истифода аз усулҳои муосир бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат дар интихоби касбу ҳунар ҳамасола тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Ҳамин аст, ки 26 январи соли 2021, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Мисолҳои мушаххаси Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёме, ки имсол ироа гардид, нишон доданд, ки Тоҷикистонро ояндаи дурахшон дар пеш аст. Ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, нақшаҳои минбаъдаи рушду нумӯъ ва ҳадафи асосии зикрнамудаашон ба корман¬дони Кумитаи меморӣ ва сохтмон рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Дар маҷмӯъ аҳли кормандони Кумита аз ҷумла ҷавонон якдилона Паёмро омӯхта, ҷонибдорӣ карданд ва барои таъмини иҷрои саривақтии вазифагузориҳои Сардори давлат дар самтҳои касбомӯзонию забономӯзонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маъри¬фати аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби дастовардҳои Истиқлолият ва сиёсати давлату Ҳукумат, пешгирии омилҳои но¬матлуб, бузургдошти забони давлатӣ ва дастгирии ниёзмандон мунтазам корҳои муайянро ба анҷом расонида истодаанд. Тасмимҳои Сарвари давлат, воқеан ҳам, барои боло бурдани сатҳи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, афзуннамоии теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои корӣ ва маошу нафақа, хосатан ба рушду нумӯи ҷомеа, соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар нигаронида шуда, он барои ташаккули ҷомеаи солим мусоидат менамояд. Ҷавонони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами замон будани худро дар тарҳ ва тдбиқи лоиҳаҳои муосири эҷод намудаашон нишон дода истодаанд.

Айни ҳол дар дастгоҳи марказии Кумита 135 нафар ва дар ташкилотҳои системаи Кумита 328 нафар кормандон фаъолият намуда истодаанд. Аз теъдоди умумии кормандони Кумита, ки 463 нафарро дар бар мегирад, 234 нафари он ҷавонон мебошанд, ки 50,1%-и шумораи умумии кормандонро ташкил медиҳанд. Гуфтан мумкин аст, ки масъалаи ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти илмию истеҳсолӣ дуруст ба роҳ монда шуда, дар радифи сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон Кумита ҳамаи чораҳоро андешида истодааст, ки мутахассисони ҷавон сатҳи дониши касбиашонро баланд бардошта, дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намоянд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд, ки бешубҳа нақши ҷавонон дар ин кор баръало намоён аст. Инчунин барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои лоиҳакашӣ, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ ва ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ будани онҳо, вусъат бахшидан ба раванди бунёдкорӣ ва ободу зебо кардани Ватани азизамон дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ қарор дода, ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил гардида истодаанд.
Инчунин роҳбарияти Кумита ва роҳбарони воҳидҳои сохтории он, барои дар дохил ва хориҷи кишвар омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, аз ҷумла ихтисосҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷот зиёд аст - меъморӣ, шаҳрсозӣ, муҳити меъморию манзаравӣ, дизайнерӣ ва ғайра бо Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҳамкориро ба роҳ монда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Ҷавонон –ояндасозони Ватан Бо қарори ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” эълон гардидааст. Дар ин замина аз ҷониби Кумита мусобиқаи беҳтарин сохтори дастгоҳи марказӣ ва корхонаву идораҳои зерсохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад ва мутахассосини ҷавон барои иштирок ва муаррифии потенсиалашон омодагӣ дида истодаанд. Натиҷагирии мусобиқа аз рӯи номинатсияҳои зерин амалӣ мегардад:
- Низоми коргузорӣ ва сатҳу сифати иҷрои уҳдадориҳо;
- Дониши ҳуқуқӣ ва сиёсӣ;
- Дониш ва малакаи касбӣ.
Инчунин аз ҷониби мутахассисони ҷавони Кумита омодагӣ барои ширкат варзидан дар мусобиқаи «Международный строительный чемпионат – World Construction Championship (WCC)», ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор мегардад, рафта истодааст.

Самти асосии фаъолияти мутахассисони ҷавони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсоз» пеш аз ҳама бо истифодаи технологияи инноватсионӣ ва барномаҳои муосири соҳавӣ ба анҷом расонидани корҳои лоиҳакашӣ ва харҷномасозӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина дар мавриди лоиҳакашӣ ба инобат гирифтани унсурҳои меъмории миллӣ дар мадди аввал гузошта шудааст. Мутахассисони ҷавони Ҷамъият барои дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани фаъолияти пажӯҳишгоҳ тамоми неруи зеҳнии хешро сарф карда истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин самт заҳмати меъморону конструкторони ҷавони Ҷамъият - Усмонов Ҷиёнхон, Зарифов Наврӯз, Қодиров Насим, Ҳаитов Умед, Ғозиев Рустам ва Ҳалимов Содиқ назаррас буда, доимо кушиш менамоянд, ки лоиҳаи ҳама гуна иншоотро бо диду нигоҳи муосиру миллӣ ба роҳ монда, дар ободонии диёрамон саҳми хешро гузоранд.
Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, ки мақсади кормандони ҷавони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсоз» ин саҳм гузоштан дар амалӣ гаштани ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии Ватанамон буда, азмашон қавӣ аст.
Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» бошад, 55 нафар мутахассисон фаъолият намуда истодаанд, ки 30 нафари онро муҳандисони ҷавон ташкил медиҳанд.
Ҳамчун пажӯҳишгоҳи илмӣ-истеҳсолӣ ба ташкилотҳои лоиҳа-кашӣ ва фармоишгарон оид ба масъалаҳои лоиҳасозии иншооти таъмини об ва рафъи партовобҳо кӯмак мерасонад ва бо маводҳои меъёрию лоиҳавии самти муайянгардида таъмин менамояд.
Лоиҳасозони ҷавони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» дар рафти лоиҳакашӣ дастовардҳои илмӣ-техникии ҳозиразамонро дар соҳаи тоза кардани об истифода мебаранд. Мавриди лоиҳакашӣ истифодабарии шаклҳои гуногуни асбобҳои навро барои бесирояткунӣ ва бозистифодабарии обҳои тозакардашуда ба инобат мегиранд. Инчунин ба рафти тозакунии об дар лоиҳа таваҷҷӯҳи аниқ зоҳир менамоянд, ки барои таъмини амнияти экологӣ замина мегузорад.

Дар пажӯҳишгоҳ асосан мутахассисони ҷавон фаъолият намуда, онҳо дар лоиҳасозии иншоот ҳамаи ҷанбаҳои илмии онро ба инобат гирифта, пешкаши фармоишгар менамоянд. Бахтиёр Иргашев, Ҳалимов А., Неъматулло Муртазоев, Содиқбек Маҳмудов, Шоҳрух Сафаров, Баракатулло Назаров ва дигарон аз зумраи ҷавононеанд, ки дар пешбурди фаъолияти бонизоми Ҷамъият саҳми назаррас доранд.
Аз ҷониби роҳбарияти КВД “Лоиҳакаш” ҷиҳати дастгирии мутахассисони ҷавон дар идораи марказӣ ва филиалҳои он воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ асосан мутахассисони маҳаллии ҷавон ба кор ҷалб гардида истодаанд. Мутахассисони ҷавони КВД “Лоиҳакаш” Меҳрубон Ғиёсов, сармеъмор-сардори шуъбаи лоиҳакашӣ ва Азиз Акрамов муҳандиси пешбари ҳамин корхона таҳиягари лоиҳаҳои ҷавобгӯй ба талаботи меъмории муосир ва муарифгари меъмории миллии ниёгонамон ба шумор мераванд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои созандагиву ободонӣ, дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрубон Ғиёсов дар таҳияи лоиҳаҳои кории кисми меъморӣ ва Азиз Акрамов дар қисми конструктивии “Сохтмони ду бинои баландошёнаи бисёрфунксионалии Агентии обуҳавошиносӣ” ва якчанд биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ саҳми назаррас доранд.
Ҳамзамон мутахассисони ҷавони корхона вобаста ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи лоиҳаҳои замонавии таъиноти гуногун, лоиҳаҳои “Боғи фарҳангиву фароғатӣ дар ноҳияи Муъминобод”, “Боғи 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб, лоиҳаи “Бинои кӯдакистони 2-ошёна барои 160 ҷой, воқеъ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ”, боғи Парчаму Нишони давлатӣ дар шаҳри Турсунзода, лоиҳаи Парчаму Нишони давлатӣ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Ванҷ, Ховалинг, Хуросон ва Сангвор ва 3 адад лоиҳаи кории биноҳои марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва лоиҳаи “Беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой” иштирок намуда, лоиҳаҳоро бо супориши роҳбарияти Кумита ба фармоишгарон ройгон пешниҳод карданд.
Ба ҳамин монанд мутахассисони ҷавон дар дигар корхонаву муассиса ва Пажуҳишгоҳҳои системаи Кумита, аз ҷумла Раёсати экспертизаи давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, ҶСК “Шаҳрофар”, КВД “ПИТ Сохтмон ва меъморӣ” ва дигар зерсохторҳои Кумита фаъолияти пурмаҳсул намуда истодаанд, ки шоёни таҳсин аст.
Таърих борҳо собит намудааст, ки кишваре, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон эътибори хоса зоҳир менамояд, пояҳои он давлат қавию устувор гашта, умри ҷовидонӣ мебинад. Ин аст, ки Сарвари мамлакат дар сиёсати худ ҷавононро нерӯи қавии пешбарандаи ҷамъият ҳисобида, ояндаи миллату мамлакатро аз онҳо вобаста медонад ва пайваста таъкид менамояд, ки ҷавононро бояд дар рӯҳияе тарбия намоем, ки чун фарзандони диловар Ватани хешро азиз донанд. Барои ин пеш аз ҳама, бояд ҷавонони мо бо таҳсил ва ё шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин, онҳоро ҳамеша ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудан, дар дили онҳо муҳаббат ба меҳнат ва кӯшиш барои ободии як гӯшаи диёрро бедор намудан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Ҳамин тариқ, ҷавонони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза саъйю талош менамоянд, ки ҳар кадом дар ҷойи худ бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ, бо дониш ва малакаи худ борои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани азиз саҳмгузор буда, ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор истиқбол намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво