18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз-Рӯзи байналмилалии кайҳон. Олимони Институти астрофизикаи АМИТ ба дастовардҳои комили илмӣ ноил гардиданд

210
21 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кайҳон таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон одатан, дар ин рӯз дар осмоннамоҳо (планетарияҳо) ва расадхонаҳо вохӯриҳои мавзӯӣ, семинарҳо ва дигар барномаҳои маърифатӣ-фароғатӣ баргузор мешаванд.

Дар ин робита директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз намуд, ки дар маҷмӯъ, дар мамлакат се расадхона –расадхонаи астрономии Ҳисор, расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох ва расадхонаи “30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ мавҷуд мебошанд.

Иншооти беназири дигар дар қаламрави Тоҷикистон маҷмааи оптималӣ-электронии Россия бо номи маҷмааи “Окно» (дар наздикии шаҳри Норак, дар баландии 2216 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст) мебошад, ки барои назорати фазои кайҳон тавассути телескопҳо фаъолият мекунад. Маҷмаа имкон медиҳад, ки ашёи кайҳонии аз як метр калон дар масофаи зиёда аз 50 ҳазор километр муайян карда шаванд.

Инчунин директори пажуҳишгоҳ зикр кард, ки расадхонаи Санглох (2300 м аз сатҳи баҳр) бо таҷҳизоти беназири баландсифати астрономӣ муҷаҳҳаз аст ва кормандони Институти астрофизикаи АМИТ дар ин расадхона кашфиёти зиёде кардаанд. Яке аз калонтарини дастовард- ин мушоҳидаҳои кометаи Ҳаллей дар соли 1985 мебошанд. Тасвир имкон дод, ки масири оптималии вохӯрӣ бо ин ҷисми кайҳонии миссияҳои “Вега-1» ва «Вега-2» ҳисоб карда шаванд.

-Дар замони соҳибистиқлолӣ,-гуфт Гулчеҳра Қоҳирова,- ин расадхона хеле фаъол буда, дастовардҳои мубрами илми астрономия дар ин даврон, хусусан ҷирмҳои хурди системаи Офтобӣ, аз ҷумла кометаҳо астероидҳо ва метеороидҳо кашф карда шуданд. Расадхона боз ба як даври эҳёи таҳқиқоти ситораҳои фавқулнав оғоз кард.

“Дар тӯли се сол олимони Институти астрофизикаи АМИТ ба дастовардҳои комили илмӣ ноил гардиданд. Яке аз онҳо ин аст, ки тибқи мушоҳидаҳо ва коркарди онҳо ситораҳои нав мунтазам ба қайд гирифта шуда, таҳқиқ мегарданд. Ин натиҷаҳо барои таҳлил ва таҳаввули ситораҳо хеле муҳим мебошанд, инчунин барои масъалаи пайдоиши коинот низ хусусияти бунёдӣ доранд”,-афзуд директор.

Ёдовар мешавем, ки қадамҳои аввалин ва дастовардҳо дар роҳи фатҳи кайҳон аз тарафи инсон аз 4 октябри соли 1957 шурӯъ шудаанд. Дар ин рӯзи таърихӣ ба мадор аввалин радифи маснӯи Замин бароварда шуд, ки аз тарафи ИҶШC амалӣ гардид. Ин радиф 86,3 кг вазн дошт. Аввалин «парасту»-и кайҳонӣ атмосфераро гузашта, ба фазои назди Замин асбоби илмӣ ва радиодастгоҳҳоро мебарорад. Онҳо ба Замин аз кайҳон маълумоти аввалинро оид ба ҷирмҳои фазои Заминро иҳотакунанда доданд. Сигнали аввалине, ки ин радиф ба Замин фиристода буд, шакли «биб-биб» дошта, дар тамоми ҷаҳон маъруфияти хосса ба даст овард. Радифи аввалин дар гирди Замин аз рӯи мадори эллиптикӣ ба ҳаракат шурӯъ кард. Нуқтаҳои канории ҳаракати радиф (апогей ва перигей) мувофиқан 947 ва 228 км-ро ташкил медоданд. Моилии ҳамвории мадор ба экватор 65°-ро ташкил медод, ки гардиши аввалини худро дар муддати 1 соату 36,2 дақиқа амалӣ карда, давоми як шабонарӯз тақрибан 15 маротиба тоб хӯрд.

Гуфтан мумкин аст, ки илми кайҳоннавардӣ ва парвоз ба кайҳон яке аз воситаҳои муҳими омӯзиши коинот, Замин, Системаи Офтобӣ ва умуман инсон мебошад. Рӯз то рӯз истифодаи дастовардҳои кайҳоннавардӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаамон васеъ гашта, имконияти худро тавассути онҳо инкишоф медиҳем ва табиатро тобеи худ мегардонем. Мавриди зикр аст, ки пешгӯии обу ҳаво, навигатсия, наҷоти одамон ва ҷангалзор, телевизиону радио, алоқаи моҳвораӣ ва интернет технологияҳои пешқадами замони муосир мебошанд, ки бо шарофати парвозҳои кайҳонӣ ба мо даст додаанд.

Ногуфта намонад, ки Тоҷикистонро бо кайҳон насби парчами давлатӣ мепайвандад, ки онро фармондеҳи киштии кайҳонии Союз ТМА-5 ва бортинженери 10-умин экспедитсия ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ, шаҳрванди Қирғизистон Солиҷон Шарифов ҳангоми парвоз дар солҳои 2004-2005 парафшон карда буд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво