«Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ». Таҳти ин унвон дар Ишкошим озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
292
Миёни хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ишкошим таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд. Тибқи натиҷаҳои пешниҳоднамудаи аъзои ҳакамон Манижа Мамадносирова- хонандаи МТМУ №13, Барзу Улфатов- хонандаи МТМУ №23, Идона Рузадорова- хонандаи МТМУ №16 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар ин бора аз КИ ҲХДТ –и ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Иштирокчиёни маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи шарт ва талаботи муқарраргардида: баромад доир ба моҳияти таърихӣ ва ватандӯстии китоби «Тоҷикон»; маҳорату истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи нақли осор; саволҳо ба иштирокчиён аз китоби «Тоҷикон» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар охир ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли маҳфил- озмун Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ишкошим супорида шуд. Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи иқдоми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар оилаи мамлакат, ҳамчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешавад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |