23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Файзобод: таҷлили хотирмон аз ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

818
Файзобод: таҷлили хотирмон аз ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон
Дар ноҳия Файзобод бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо ва фаъолон семинарҳо, конфронсҳо, суҳбату вохӯриҳо оид ба 25 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ баргузор гашта, нақш ва аҳамияти Истиқлолият дар бунёд ва ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона фаҳмонида мешавад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия низ дарсҳои кушод оид ба нақши Истиқлолият дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, маҳфилҳо, ҳамчунин конфронси илмӣ-адабӣ, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «25 соли Истиқлолият» баргузор гардиданд.
Бахшида ба ҷашн дар деҳаҳо, кӯчаву хиёбонҳо корҳои ободонӣ иҷро гардида, кӯчаву маҳаллаҳои маркази ноҳия ва биноҳои маъмурӣ бо шиору овезаҳо дар бораи Истиқлолияти давлатӣ оро дода шудаанд. Сокинони ноҳияи Файзобод ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукӯҳу хотирмон таҷлил мекунанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво