10 август 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои як оилаи аз офати табиӣ зарардида манзили истиқоматӣ месозад

93
Роҳбарият ва устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тасмим гирифтаанд, ки аз рӯи лоиҳаи манзили истиқоматии аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқгардида барои як оилаи аз офати табиӣ осебдида дар кӯчаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб хонаи истиқоматӣ бунёд намуда, ҳамчунин дар таъмини он бо яхдон, телевизиор, қолин, рахти хоб ва дигар ашёи рӯзгор мусоидат намоянд.

Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, бо ҳамин мақсад 17 май ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Абдусалом Мирализода бо мутахассисону масъулин макони сохтмони манзили истиқоматиро аз назар гузаронида, бо соҳибмулк ва сармеъмори шаҳр ҷойи сохтмони биноро муайн намуданд. Мутахассисон тарҳи таҳхонаи биноро кашида, ҳамзамон омӯзгорон ва донишмандон ба поксозиву бартараф кардани вайронаҳо пардохтанд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҳисоби омӯзгорон ва кормандони Доннишгоҳи мазкур 15 гурӯҳҳои ёрирасон ташкил дода шуданд, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пок кардан ва ба тартиб даровардани хонаву ҳавлиҳои осебдидагон ёрии амалӣ мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел 3 нафар сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расида, даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд. Корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома дошта, кормандону донишҷӯёни ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу коллеҷҳо дар бартараф сохтани офати табиӣ саҳм гузошта истодаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво