20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Корвони кумакҳои башардӯстонаи ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Рашт ва Нуробод ба Кӯлоб расид

162
Бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб корвони кумакҳои башардӯстона аз ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Рашт ва Нуробод ба шаҳри Кӯлоб ворид гардид.

Кумакҳои воридгардида аз маводи хӯрокӣ, либос, пойафзол, рахти хоб, картошка, пиёз ва масолеҳи сохтмонӣ иборат буда, зиёда аз 40 тоннаро дар бар мегиранд. Тавре мудири бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Дилором Файзова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сулаймони Хол иттилоъ дод, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза ба сокинони аз офати табии зарардида аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кумак расонида мешавад.

«Баъди ба вуқӯъ пайвастани офати табиӣ ба сокинони шаҳри Кӯлоб аз вилоятҳои Суғду Бадахшон, Хатлон ва дигар шаҳру тобеи марказ кумакҳои башардӯстона расонида шуданд, ки он мушкили шаҳрвандонро хеле осон гардонид. Ҳоло зарардидагон бо хаймаҳои муваққатӣ, рахти хоб, хӯрокӣ, сару либос, пойафзол, нуктаи тиббӣ ва дигар шароит таъмин мебошанд»,- афзуд Дилором Файзова.

Ба зикри ҳамсуҳбати мо, инчунин шоми 12 май аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корвони кумакҳо барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, аз қабили 40 т орд, 20 т биринҷ, 10 т равған, 40 т картошка, 40 т пиёз, 20 т шакар, 1 т гӯшт, 20 т арматура, 1 т мех, 5000 метри кубӣ бомпӯш, 200 куб тахта, 100 т семент, 1200 адад ҷиҳози рахти хоб расонида шуд.

Ҳоло баҳри бартараф намудани офати табиӣ масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ва Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб корҳои барқарорсозиро идома дода, каналу ҷӯйборҳоро аз оби лойқа тоза намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел 3 нафар сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расида, даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд. Корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома дошта, кормандону донишҷӯёни ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу коллеҷҳо дар бартараф сохтани офати табиӣ саҳм гузошта истодаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво