23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ намоиши «Лаъли Бадахшон» манзури тамошобинон гардид

193
Ҳунармандони Театри мусиқӣ- мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ намоиши “Лаъли Бадахшон”-ро ба саҳна гузоштанд. Асарро драматург Ҷумъа Қуддус эҷод карда, коргардони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ Умед Хисрав онро ба саҳна гузоштааст. Ҳунармандони театр тасмим доранд, ки асари мазкурро дар озмуни театрҳои касбии “Парасту” ба намоиш гузоранд.

Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ як намоиши хеле диданиро рӯи саҳна овардаанд. Намоиши “Лаъли Бадахшон”аз ҳаёти сокинони як деҳаи кӯҳистон, расму оин, урфу одат ва меҳмоннавозии онҳо ҳикоят мекунад. Ҳамаи ҳодисаву воқеоти асар гирди як сангпораи лаъл чарх мезананд. Як мусофир аз шаҳри дур бо амри занаш дар ҷустуҷӯи сангпораи лаъл худро ба Бадахшон мерасонад ва бо истифода аз найрангу фиреб онро ба даст меорад, аммо оқибат ин сангпора барояш дар зиндагӣ бадбахтиҳои зиёд ба бор меорад.

Ба гуфтаи иҷрокунандаи нақши асосӣ Ҷобиршо Хубоншоев, ҳодисоту воқеоти асар ба охирҳои асри 18 рост меоянд ва нависанда ҳар лаҳзаи ҳаёти сокинони деҳоти дурдастро хеле ҷолибу ҳаяҷонангез ба тасвир кашидааст. «Ман нақши пири деҳаро иҷро мекунам ва сокинони деҳа ин мардро назди ман меоранд. Мақсадашро дарк намуда, ба ин мард гуфтам, ки ҳоло ҳаво сарду боронист ва истихроҷи санг хатарнок аст. Чун дидам, ки он мард ба сухани ман гӯш намедиҳад, ба як нафар дастур додам, то ӯро раҳнамоӣ кунад. Алқисса, ин меҳмони нохонда оқибат бо роҳи фиреб сангпораи лаълро ба даст оварда, ба зодгоҳаш бармегардад ва сангпора боиси хонавайрониву бадбахтиаш мегардад. Ҳарчанд дар оғози суҳбат барояш гуфта будам, ки ҳарки бо нияти бад ба ҷустуҷӯи лаъл меравад, хайр намебинад»,- мегӯяд Ҷобиршо.



Коргардони асар Умед Хисравов гуфт, ки «мавзӯи асосии намоиш- ин ба тамошобинон расонидани паёми некӣ, рафоқату бародарӣ, адолату асолати инсонӣ, дурӣ ҷустан аз фиребу найранг ва зиндагӣ кардан аз ҳисоби заҳмати ҳалол аст».

Ҳунармандони театр тасмим доранд, ки дар остонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши мазкурро манзури тамошобинони пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе гардонанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво