24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Кӯлоб барои расонидани кумак ба осебдидагони офати табиӣ нуқтаҳои тиббӣ таъсис ёфтанд

165
Бо мақсади расонидани кумаки тиббӣ ба осебдидагони офати табиӣ дар Кӯлоб нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ таъсис дода шуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани шаҳрвандон ва муайян намудани хисороти расонидашуда дар пайи ба вуҷуд омадани сел дар дар вилояти Хатлон Ситоди корӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис дода шудааст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Шодихони Ҷамшед аз нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ боздид намуда, баҳри иҷрои саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар самти расонидани кумаки аввалини тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бояд гуфт, ки нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ пурра бо мавод ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин буда, дар ҳолатҳои зарурӣ оҷилан ба муроҷиаткунандагон хизмати тиббӣ расонида мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво