29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶАШНИ ШОҲАСАРИ МУСИҚИИ СУННАТИИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Имрӯз дар саросари Тоҷикистон Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад

225
12 майи соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Аз соли 2002 сар карда, ҳамасола дар саросари мамлакат имрӯз Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад. Шашмақом чун ҷузви асосии мероси фарҳангии мусиқии халқи тоҷик дар қатори жанрҳои анъанавии роғ, фалак, даргилик дар фарҳанги мусиқии имрӯзаи Тоҷикистон мавқеи баланд дорад.

Аз таърихи Ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов

Шашмақом мусиқии суннатии ниёгони мардуми тоҷик буда, ишқу ирфон, ормонҳо ва умеди миллатро дар созу сурудаҳо таҷассум менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 сол мешавад, ки Рӯзи шашмақом ҷашн гирифта мешавад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари бадеии Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Саидзода иброз намуд, соли 1947 бори аввал бо ташаббуси қаҳрамонони Тоҷикистон- Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон ҳамчун «Ансамбли ҳофизон» ё «Дастаи мақомсароён» таъсис гардид, ки ба дастаи мазкур сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ- Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ (Тӯхтаев), Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров ва дигарон ҷалб гардиданд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, яке аз донандаҳои ин мусиқӣ Фазлиддин Шаҳобов бо ҳидояти Бобоҷон Ғафуров ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда, устоди ин жанри классикӣ Бобоқул Файзуллоевро ба шаҳри Душанбе (собиқ Сталинобод) меорад. Инчунин Шоҳназар Соҳибов, ки яке аз донандагони хуби ин мусиқӣ буд ва дар шаҳри Тошканд фаъолият мекард, даъват гардид. Сипас аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон донанда ва хонандагони ин мусиқии классикӣ ба пойтахт даъват мешаванд.

«Бо ҳидоятҳои Бобоҷон Ғафуров китобҳои шашмақом дар панҷ ҷилд нашр мегарданд, ки дар ин кор саҳми Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва Бобоқул Файзуллоев хеле назарас мебошад. Ин китобҳо имрӯз китобҳои рӯимизии ҳар хонанда ва донандаи ин мусиқӣ мебошанд»,- иброз дошт Фурқат Саидзода.

Мавсуф тазаккур дод, ки Шашмақом ганҷинаи бебаҳои миллати мо буда, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳар нафаре, ки ба ин шоҳасар рӯй меорад, дунёи пур аз маърифату маъниро ба худ касб мекунад. Шашмақом нутқи ҳунармандро бурро намуда, маънавиёти ӯро бою ғанӣ мегардонад. Аз ин рӯ беҳуда нагуфтаанд, ки Шашмақом ганҷинаи бебаҳост. Дар роҳи нигоҳдории ин ганҷинаи бебаҳо устодони барҷаста тоҷик нақши назаррас гузоштаанд. Инак рӯз то рӯз садову навои ин шоҳкории ҷовидона бо дарди мардум пайваст гашта, зиндагии мардумро тараннум мекунад ва насли ҷавон ба он бештар рӯ меоранд. Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов низ дар ин ҷода фаъолияти самаранок ба роҳ монда, ҳамасола бо барномаҳои наву рангин табъи мухлисонро шод мегардонад.

Шомил гардидани Шашмақом ба Феҳрасти ЮНЕСКО

Ин мусиқиро дар Тоҷикистон Шашмақом, дар Озарбойҷон муған, дар Ӯзбекистон мақом, дар Эрон дастгоҳ ва уйғурҳо муға ном мебаранд. Жанри мусиқии шашмақом дар Ӯзбекистон ҳам мисли Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ иҷро карда мешавад. Дар Ҳиндустон жанре бо номи рага аст, ки он ҳам ба монанди мусиқии классикии шашмақом ва фалак мусиқии халқии онҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ шашмақомро шоҳкории фарҳанги мусиқии ҷаҳонӣ низ мегӯянд. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ин шоҳкории ниёгон ба феҳристи Юнеско пешниҳод гардид, ки 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

Амалӣ гардидани барномаи давлатӣ ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 апрели соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он баҳри ривоҷу равнақи Шашмақом ва Фалак шароити мусоид муҳайё намуд.

«Аз соли 2017 то инҷониб якчанд фестивалу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуданд, ки бевосита барои рушди нумӯи ин мусиқии мардумӣ мусоидат намуданд. Мактаби суннатии «устод-шогирд» якчанд паҳлуҳоро дар бар мегирад. Дар гузашта сабтҳое, ки имрӯз барои ҳама дастрасанд, мавҷуд набуданд ва ҳамин мусиқии суннатии тоҷик тавассути устоду шогирд аз насл ба насл омӯзонида мешуд. Имрӯз ҳамин мактаб рушд карда истодааст, ки он шогирдонро бо тамоми нозукиҳои ин мусиқӣ, аз ҷумла вазни арӯз, шеър, сохтору оҳангҳои мусиқии суннатӣ ва авҷҳову дигар унсурҳо бохабар менамояд. Агар ба мақоми «рост» нигоҳ кунем, он пардаи худро дорад, ки дар пардаи танбӯр тавлид шудааст. Ҳамин мактаби бузурги устоду шогирд тамоми пахлуҳоро дар бар мегираду меомӯзонад»,-иброз дошт устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов Хуршед Иброҳимзода.

Ба гуфти мавсуф, қабули «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 бо ҳадафи тағйир додани низоми таълим дар мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳои санъат, мактабҳои олӣ, Консерватория ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимӣ равона гардида, ба натиҷае оварда мерасонад, ки мо нозукиҳои касби сарояндагӣ, навозандагӣ ва мутрибиро аз нав эҳё кунем. Инчунин мактаби суннатии «устод-шогирд» на танҳо оҳанг меомӯзонад, балки шогирд ҳамаи сифатҳои беҳтарини устодашро ҳамчун намунаи ибрат қабул мекунад, меҳраш ба ин касби нозук устувор мешавад. Меҳри касбро ба дили шогирд ворид кардан бисёр кори душвор аст ва маҳз услуби таълимии устод ва шогирд ин вазифаи хеле ҳам муҳимро иҷро мекунад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, профессори кафедраи сарояндагии мардумии Консерваторияи миллии Тоҷикистон Мастона Эргашева зимни суҳбат иброз дошт, ки «ман 25 сол дар Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудам. Аз устодони бузурги он замон тамоми нозукиҳои ин санъатро аз худ намудаму имрӯз ба шогирдонам меомӯзонам. Бояд гуфт, ки Шашмақом сабки хеле нозук буда, ҳамчун мусиқии файласуфона дониста мешавад. Агар Фалак бештар аз фиғон иборат бошад, дар Шашмақом муноҷот бештар мебошад. Аз ин рӯ дар бештари маврид фалаксароён шашмақомро дарк намекунанд ва шашмақомсароён фалакро дарк карда наметавонанд».

Ба гуфти Мастона Эргашева, Шашмақом ҳам илм ва ҳам ҳунар аст. Ин жанр силсилаи суруду оҳангҳои классикии тоҷик мебошад, ки дар низоми муайян мураттаб гардидааст. Он аз шаш мақом: «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат аст.

«Тай ду сол аст, ки дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Таҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор мегардад. Дар он аз ноҳияҳои дурдасттарини мамлакат довталабоне иштирок мекунанд, ки дар симои онҳо шашмақомсароёни номдорро метавон дид. Аммо танҳо аз болои онҳо каме кор кардан зарур асту тамом. Боварӣ дорам, ки баъди чанд соли баргузории ин озмун нобиғаҳои санъати шашмақомсароӣ дар берун аз мамлакат шуҳратёр мегарданд. Ҳамчунин дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ҳаводорони ин мусиқии классикии тоҷикӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки дар онҳо шавқу шӯри омӯзиши ин жанр дида мешавад», -иброз дошт муаллимаи Консерваторияи миллӣ.

Бояд зикр намуд, ки ин навъи мусиқӣ пайваста аз ҷониби устодону муҳаққиқон мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба он навгониҳо ворид карда мешаванд. Ба гуфти устодони ин жанри мусиқӣ, «дар мақомҳо он қадар номаҳои ҷонгудози ошиқона, фарёди дилҳо аз тохтутози бодиянишинон, нағмаҳои зиндагии ҷовидона… вуҷуд доранд, ки дили равшанзамиронро ба ларза меоранд».

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво