19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб

146
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзод ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, тоза намудани лою гил ва расонидани кумак ба сокинони шаҳри мазкур аз ҷониби кормандони милитсия корҳои бартарафсозӣ ҷараён доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.

Айни замон, барои тоза намудани лою гил мошинҳои сухторхомӯшкунӣ, мотопомпаҳо ва дигар техникаю таҷҳизот ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар гардида, дар ин рӯзҳои душвор дар бари мардуми сарбаланди Кӯлоб қарор дошта, рисолати худ, яъне хизмат ба халқу Ватанро содиқона иҷро намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 11 май бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода,, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво