19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

166
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Юсупов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Раиси ноҳияи Вахш ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳисобот дод.

Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута ҷиҳати муайян кардани хисороти ба хоҷагии халқи ин ноҳия расида ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ сафарбар гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Вахшро вазифадор намуданд, ки ба мардуми зарардида кӯмакҳои саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво